Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Покистон - ҳамсарон ва фарзандони Бен Лоданро берун мекунад

15 апрел 2012, 05:53

Давлати Покистон ҳамсарон ва фарзандони Усома бен Лодан- саркардаи собиқи гурӯҳи Ал-қоидаро ба Арабистони Саъудӣ боз мегардонад.

Ба гузориши хабарнигори Озодагон аз Эрон ба истинод ба шабакаи хабарии PressTV Амир Халил вакили хонаводаи Бен Лодан эълом кард, ин афрод пас аз тай кардани мӯҳлати зиндонии худ дар Покистон ба Арабистон бозгардонда мешаванд.

Ба гуфтаи Халил, ҳамсарони Бен Лодан ба далели сукунати ғайриқонунӣ дар Покистон ба 45 рӯз зиндон ва пардохти 110$ ҷарима, маҳкум шудаанд. Муддати боздошти хонаводаи Бен Лодан рӯзи 17-апрел поён меёбад ва инҳо рӯзи 18-уми апрел ба Арабистони Саъудӣ бозгардонда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ду ҳамсари боздоштшудаи Бен Лодан дар Покистон аҳли Арабистони Саъудӣ ва яке аз онҳо шаҳрванди Яман аст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!