Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:43

Мадрасаи духтарона дар Покистон таркид

15 апрел 2012, 06:15

Муҳоҷимони ношинос як мадрасаи духтаронаро дар шимоли Покистон тарконданд.

 

Ба гузориши хабарнигори Озодагон ба нақл аз шабакаи хабарии Пресс TV, муҳоҷимони ношинос рӯзи шанбе як мадрасаи духтаронаи давлатиро дар минтақаи қабилаии Муҳманд дар шимолу ғарби Покистон мунфаҷир карданд.

Дар ин ҳамла сохтмони мадраса комилан вайрон шудааст, аммо ба далели ин ки сохтмони мадраса дар замони таркиш холӣ буда ба касе осеб нарасидааст.

Гурӯҳи Толибони Покистон дар ин ҳамла гумонбари аслӣ ҳастанд.

Гуфтанист, гурӯҳи Толибон тайи се соли гузашта ҳудуди 93 мадрасаи давлатиро дар шимолу ғарби Покистон хароб кардаанд, ки бештари онҳо мадрасаи духтарона дар минтақаи Муҳманд будаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!