Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 01:20

Музокироти Истанбул созанда ва муфид буд

16 апрел 2012, 04:54

Дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллӣ ва раиси гурӯҳи музокиракунандаи Эрон бо гурӯҳи 5+1 музокироти Истанбулро муваффақ, қобили таваҷҷӯҳ ва алоқаи гурӯҳи панҷ ба иловаи якро барои идомаи гуфтугӯ мусбат арзёбӣ кард.

Саид Ҷалилӣ дар поёни музокироти Истанбул дар нишасти хабарӣ гуфт: «Музокирот созанда буд ва бисёре аз масоил барои ҳамкорӣ ва ба унвони шурӯи гуфтугуҳо дар музокироти оянда мавриди таваҷҷӯҳ қарор хоҳад гирифт».

Дабири Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон бо ишора ба тавонмандиҳои Эрон дар истифода аз энержии сулҳомези ҳастаӣ бо такя бар зарфиятҳои бумӣ таъкид кард, ки Эрон метавонад ба як намунаи муваффақ аз шиори "Энержии ҳастаӣ барои ҳама; силоҳи ҳастаӣ барои ҳеҷ кас !" барои тамомии кишварҳо бошад.

Катрин Штон, масъули Сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо низ пас аз поёни музокирот зимни муфид ва созанда хондани музокироти Истанбул изофа кард: «Мо итминон ёфтем, ки Эрон ҷиддӣ аст ва бояд ба илзомоти байналмиллалӣ пойбанд бошад. Хонум Штон таъкид кард, ки Эрон бояд ҳақи бархӯрдорӣ аз барномаи ҳастаии сулҳомезро дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки бар асоси тавофуқоти Истанбул, даври баъдии музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1 23-юми моҳи май дар Бағдод, пойтахти Ироқ баргузор хоҳад шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!