Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:37

Беш аз 50% кӯдакони сини то 14 сола кирми рудаю меъда доранд

16 апрел 2012, 08:34

Шурӯъ аз имрӯз, 16-уми апрел дар қаламрави ҷумҳурӣ маъракаи бекирмгардонӣ оғоз гардид. Маъракаи мазкур то 27-уми ҳамин моҳ идома хоҳад кард.

Тавре аз Вазорати тандурустии кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, даври аввали бекирмгардонӣ миёни кӯдакони аз 12 то 79 моҳа ва занони қобили таваллуд (аз 15 то 49 сола) гузаронда мешавад. Даври дуюми чорабинӣ, ки аз 17 то 28-уми сентябр мегузарад, мактаббачагони аз 7 то 17 соларо фаро хоҳад гирифт.

Ба қавли Азам Мирзоев, мувини вазири тандурустӣ яке аз масъалаҳои муҳиме, ки соҳаи тандурустиро ба ташвиш овардааст, ин паҳншавии бемории «Гелментӣ» аст. «Бемориҳои «Гелметӣ» нишонаҳои на он қадар намоён доранд ва мутаасифона сабаби пайдошавии касалиҳои дигар гашта метавонанд. Мавҷудияти гелментҳо дар вуҷуди кӯдакон боиси сустшавии инкишофи ҷисмониву ақлонии онҳо гашта бахусус ба қобилияти зеҳнии онҳо таъсири манфӣ мерасонад»,-афзуд номбурда.

Аъзам Мирзоев ҳамчунин таъкид намуд, ки дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳои геминтологӣ дар соли 2011 миёни кӯдакон маълум гардид, ки зиёда аз 50 дарсади атфоли сини то 14 солаи тоҷикро кирми рӯдаю меъда сироят кардааст. Аз ин лиҳоз аз ҷониби ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия мешавад, ки агар бемории «Гелминтоз» аз 50 фисад зиёд бошад, бояд маъракаи умумиҷумҳуриявӣ гузаронида шавад. Мақсад аз гузаронидани бекирмгардонӣ дар он аст, ки камхунӣ дар байни кӯдакон коҳиш ва иммунитети кӯдакон боло бурда шавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!