Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:30

Душанбе ярмаркаи солонаи таълимиро мизбонӣ кард. Акнун навбати Хуҷанду Қурғонтеппа ва Кулобу Хоруғ

16 апрел 2012, 09:15

Марҳилаи аввали ярмаркаи солонаи таълимӣ бо ширкати 1850 нафар дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе сурат пазируфт.

Намоишгоҳ бо ташаббуси Барномаи «Мусоидат ба таҳсилоти олӣ» ва «Барномаи стипендиявӣ»-и шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Точикистон, инчунин Вазорати маорифи Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Гулнора Шукурбекова, яке аз ташкилкунадагони ярмарка ба Озодагон мақсади баргузории ярмаркаро пешниҳоди маълумот дар хусуси донишгоҳҳои хориҷи кишвар унвон кард: «На танҳо донишҷӯён, балки нафарони сину соли гуногун метавонанд дар мавриди шароити донишгоҳҳои дигар маълумоти пурра дарёфт карда, ихтисоси дилхоҳашонро интихоб намоянд. Дар чорчуби ярмаркаи солонаи таълимӣ намояндагони ташкилотҳои мазкур дар бораи системаи таълим дар хориҷа, тартиби тайёр кардани маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ва супурдани тестҳо барои таҳсил дар хориҷа, инчунин дар бораи шартҳои гирифтани кӯмаки молиявӣ лексияҳои машваратӣ гузарониданд. Шахсони манфиатдор метавонанд оид ба барномаҳои дилхоҳашон бевосита дар ярмарка саволномаю брошюраҳо пайдо кунанд». Дар ин намоишгоҳ ташкилоту донишгоҳҳои мухталифи хориҷа, аз қабили  Институти  «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад – Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишгоҳи Давлатии Тюмен, Донишгоҳи Давлатии Туркии Озгун, ACCELS (Шӯрои Америкоӣ оид ба Таҳсилоти Байналмилалӣ), DAAD (Хадамоти Олмонии Мубодилаҳои Академиявӣ),TEMPUS (The trans-European mobility scheme for university studies), Шӯрои Байналмилалӣ оид ба тадқиқотҳо ва мубодилаҳои илмӣ (IREX), Маркази фарҳангии «Бактрия», Маркази таълимии «Мултикид», ТҶ « Азия Стар» ширкат намуданд. Манбаъ мегӯяд, дар назар аст, рӯзҳои наздик марҳилаҳои дигари ярамарка дар шаҳри Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кулоб ва Хоруғ баргузор шавад. Гузаронидани ин чорабинӣ аз соли  2001 оғоз шуда, имсол маротибаи даҳум баргузор шуд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!