Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:42

Суғд Рӯзи Ваҳдати миллиро ботантана таҷлил мекунад

16 апрел 2012, 09:21

27-уми июн дар қаламрави вилояти Суғд аз 15-умин солгарди Ваҳдати миллӣ бо тантана ҷашн мегирад.

Дар робита Қоҳир Расулзода, раиси вилоят қарори вижаеро ба тасвиб расонд.

 

Аз Хадамоти матбуотии раиси вилоят ба Озодагон гуфтанд, ки тибқи қарори мазкур шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилотию таҳлилӣ, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят якҷоя бо иттиҳодияҳои эҷодию ҷамъиятӣ доир ба раванди сулҳу ваҳдат дар кишвар корҳои оммавии тарғиботиро ба роҳ монда, бахшида ба ин санаи фархунда мулоқоту сӯҳбат, семинару конфронс ва мизҳои мудаввар баргузор мекунанд.

Ҳамчунин, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон вазифадор гаштаанд, ки ба тантанаҳои ҷашни 15 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба омодагӣ гирифта, дар робита бо Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят чорабиниҳо доир намоянд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!