Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:39

Струан Стивенсон дар маҳалли бунёди НБО-и Роғун

31 май 2011, 09:06

Райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо вакили парлумони Аврупо, сарвари гурӯҳи байнипарлумонии тағйири муҳити зист  Струан  Стивенсон аз Роғун дидан мекунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент субҳи имрӯз ҳайате иборат аз намояндагони ҳукумат ва вакили парлумони Аврупо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон озими маҳалли бунёди бузургтарин нерӯгоҳи барқӣ гардиданд.

Маврид ба ёдоварист, Струан Стивенсон ду рӯз боз дар Тоҷикистон қарор дорад ва  бо мақомоти баландппояи  кишвар мулоқотҳо анҷом додааст. Рӯзи гузашта  ҷаноби Стивенсон бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон дидору гуфтугӯ дошт. Зимнан, дар ин нишаст  масъалаи ҳамкориҳои миёни порлумонҳои Тоҷикистон ва Аврупо, ҳалли масоили марбут ба истифода аз оби нӯшиданӣ ва масоили энержии минтақа баррасӣ гардид. Шукурҷон Зуҳуров бо изҳори сипос  барои ҳимояти тарҳи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” таъкид кард, ки теъдоди афроде, ки ин тарҳро ҷонибдорӣ мекунанд, рӯз то рӯз афзоиш меёбад.Струан Стивенсон дар навбати худ иброз доштааст, ман мутмаинам, ки Тоҷикистон чун шарики Иттиҳодияи Аврупо бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъи ҷуғрофиёӣ дар минтақа нақши калидиро адо мекунад.

Ногуфта намонад, ки ин вакили парлумони Аврупо аз ҷонибдорони сарсахти бунёди НБО-и Роғун маҳсуб гардида, тайи ду соли ахир борҳо назарашро дар ин маврид баён доштааст. Стивенсон дар мулоқоти дирӯзааш бо райиси Маҷлиси Намояндагон гуфтааст, ба назари ман вокуниши манфии Ӯзбакистон дар қиболи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” пеш аз вақт аст. Мақомоти ӯзбак бояд мунтазири анҷоми фаъолияти комиссиюни вижаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ бошанд. Вале ман чун яке аз коршиносон ба ин боварам, ки тарҳи сохтмони нерӯгоҳ ҳеч хатареро барои минтақа  эҷод намекунад.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!