Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Содироти Эрон бо вуҷуди таҳримҳо дар соли 2011 ба 131 миллиард $ расид

16 апрел 2012, 10:35

Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар тозатарин гузориши худ аз рушди 30%-и  содироти Эрон дар соли 2011 хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар гузориши охири худ бо номи "Тиҷорати ҷаҳонӣ дар соли 2011" таъкид кардааст, дар ҳоле ки ҳаҷми тиҷорати ҷаҳонӣ дар соли гузашта танҳо 5% рушд доштааст, мизони содироти Эрон бо вуҷуди таҳримҳои Амрико ва Аврупо беш аз 30% рушд кардааст. Бар асоси ин гузориш, мизони содироти Эрон дар соли гузашта ба беш аз 131 миллиард доллар расида ва Эрон дар соли 2011, бистусеюмин содиркунандаи бузурги ҷаҳон будааст. Мизони содироти Эрон дар соли 2010 ба 101 миллиард доллар расида буд. Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, арзиши содироти Эрон дар шаш соли гузашта беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Соли 2005 ин нишондод  56,2 миллиард долларро ташкил медод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!