Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:36

16 миллион доллар барои боздошти Барак Обама

16 апрел 2012, 12:23

Назир Аҳмад, узви палатаи лорди Иттиҳоди Шоҳигарӣ хабари эълони ҷоиза барои боздошти Барак Обамаро рад кардааст.

Қаблан, хабаргузориҳо навиштанд, ки Назир Аҳмад барои дастгир намудани  Барак Обама ва Ҷорҷ Буши хурдӣ 10 миллион фунт, муодили 16 миллион долари амрикоӣ ваъда кардааст.  Нашрияи англисзабони покистонӣ Express Tribune навишта буд, ки бо ин роҳ сиёсатмадори бритонӣ нигаронии худро дар робита ба шикори роҳбари гурӯҳи «Лашкари Тайба» Ҳофиз Муҳаммад Саид аз ҷониби Вашингтон баён кардааст. Ба иттилои ИТАР-ТАСС Назир Аҳмад зимни пазироияш дар шаҳри Харипури Покистон гуфтааст:  «Агар Амрико барои боздошти Ҳофиз Саид 10 миллион доллар ваъда карда тавонад, пас ман ҳам ҳуқуқ дорам, то барои боздошти Барак Обама ва Ҷорҷ Буши «хурдӣ» 10 миллион фунт ҷоиза бидиҳам». Расонаҳо ҳамчунин навишта буданд, ки узви порлумони Бритониё изҳор доштааст, ки ҳозир аст барои тақдими ин ҷоизаи пулӣ тамоми дороиҳои худро ба фурӯш гузорад.

Ба итилои сарчашма дар маросим ҳамзамон гурӯҳе аз сиёсатмадорони покистонӣ, аз ҷумла вазири собиқи корҳои дохилии Покситон Гавҳар Аюбхон ва роҳбари иттиҳоди аҳзоби ҷудоихоҳи исломӣ (Мутаҳида Маҷлиси Амал) Ҳофиз Ҳусейн Аҳмад ширкат доштаанд .

Назир Аҳмад дар зимни суханронӣ гуфтааст, ки эълони ҷоизаи пулӣ барои боздошти Ҳофиз Саид аз сӯи Вашингтон таҳқири ҷаҳони Ислом мебошад.

Лорд Назир Аҳмад яке аз аввалин мусалмонҳоест, ки Маликаи Бритониё ба ӯ ҷоизаи вижаеро тақдим кардааст. Назир Аҳмад яке аз афроде шинохта мешавад, ки аз манфиатҳои ҷомеаи исломӣ дар Итиҳоди Шоҳигарӣ ба таври густурда ҳимоя мекунад. Интиқоди «сиёсати ҷаҳонии мубориза бо терроризми Амрико» яке аз мавзӯъҳои аслии сӯҳбатҳои ӯ будааст.

Ёдовар мешавем, департаменти давлатии Амрико аввали моҳи апрели соли ҷорӣ барои иттилое, ки ба боздошти Ҳофиз Саид мусоидат бикунад, 10 миллион ва барои дастгир кардани  нафари дуввуми ин гурӯҳ- Абдул Раҳим Маккӣ 2 миллион доллар ваъда кард.

«Лашкари Тайба» дар соли 1990 таъсис ёфта, барои ҷудо намудани вилояти Ҷамму ва Кашмир аз Ҳиндустон мубориза мебарад. Гуфта мешавад ин гурӯҳ масъули як қатор ҳамлаҳои хунин дар Ҳиндустон аст. Дар таркиши шаҳри Мумбай моҳи ноябри соли 2008, ки 166 нафар қурбонӣ дошт, «Лашкари Тайиба»-ро муттаҳам карда буданд.

Бино бар иттилои Вашингтон мақомоти амниятии Покистон ба таври пӯшида аз фаъолияти «Лашкари Тайба» пуштибонӣ мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!