Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

53 миллион доллар барои Обама

16 апрел 2012, 13:08

Ситоди интихоботӣ ва созмони демократии Барак Обама дар моҳи март бештар аз 53 миллион доллар ҷамъоварӣ кардааст.

Ин миқдор маблағро ҷонибдорони президенти Амрико ба сандуқи хайриявии Обама супурдаанд. Масъулини ситоти интихоботии райисҷумҳур аз ҷараёни ҷамъоварии  маблағҳо наворе таҳия ва пахш кардаанд.

Дар маҷмӯъ барои дубора ба корзори интихоботӣ рафтани Обама 567 ҳазор нафар маблағ додаанд. Аз ин теъдод 190 ҳазор нафар бори аввал дар чунин маросим ширкат доштанд. Маблағи миёна 51 долар муаяйн шуда, 97 дарсад ба маблағи 250 долларӣ хайр кардаанд.

Дар муқоиса бо моҳи феврал мизони пулҷамъоварӣ дар моҳи март ба маротиб бештар будааст. Ситоди интихоботии Обама дар моҳи феврал 45 миллион доллар ҷамъ кард. Ҳамчунин се моҳи охири соли 2011 ситоди интихоботӣ камтар аз 25 миллион долларӣ ҷамъ мекард.

Бино бар иттилои Associated Press то имрӯз намояндагони Обама барои интихоботи соли ҷорӣ 350 миллион доллар гирд овардаанд.

Маврид ба зикр аст, интихоботи раёсатҷумҳур дар ИМА 6-уми ноябри соли 2012 баргузор мешавад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!