Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:16

Стивенсон: Ман ягон сабаби насохтани НОБ-и Роғунро намебинам

17 апрел 2012, 03:40

НОБ-и Роғун бо сарбанди 335 метр баландӣ, дар водии нишеби танги дарёи Вахш аз сангу гил сохта мешавад.

Ӯзбекҳо бениҳоят дар ташвишанд, ки гӯё ин сарбанд дар ҳолати заминларзаи сахт ноустувор буда, барои давлатҳои поёноб ба мисли Ӯзбекистон оқибати садамавӣ дорад. Онҳо сарҳадоти худро бо Тоҷикистон ҳамчун нишони эътироз бастаанд. Ин нуктаро Струан Стивенсон, вакили парлумони Аврупо зимни баромадаш дар Ҷамъияти Британияи Кабир-Русия иброз доштааст.

Номбурда зимни маърузаи худ гуфтааст, ки пас аз сафараш ба Тоҷикистон мутмаин шуд, ки сохтмони НБО Роғун бехатар буда, барои минтақа бисёр фоидаовар мебошад. «Сарбанди Роғун аз сарбанди ба он айнан монанди Норак, ки дар даврони Шӯравӣ бо ҳамин қадар баландӣ ва дар дарёи Вахш сохта шуда буд, тафовуте надорад. Норак низ зиёда аз 300 метр баландӣ дошта, обанборро, ки 70 километр дарозӣ дорад, мустаҳкам нигоҳ медорад. Аммо ин сарбанди аз хок ва тахтасангҳо сохташуда дар давоми 40 сол садхо заминларзаҳоро ба шарофати сохти тобовараш паси сар намудааст. Ман ягон сабаби насохтани НОБ-и Роғунро, ки айнан чун Норак ба нақша гирифта шудааст, намебинам»-афзудааст Стивенсон.

Вакили парлумони Аврупо ҳамчунин таъкид кардааст, ки чун НОБ-и Роғун ба кори худ шурӯъ намояд, ба сарчашмаи нерӯи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки ҳам талаботи Тоҷикистон ва инчунин кишварҳои ҳамсоя- Афғонистон ва Покистонро қонеъ мегардонад, табдил меёбад. Ба назар мерасад, ки он барои тамоми ин минтақа, ки эҳтиёҷи мубрам ба қувваи барқ дорад, интихоби бурднок мебошад: «Вақте ки лоиҳаҳои бузурги нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон амалӣ мегарданд, мамлакатҳои поёноб ба сохтани кулу обанборҳои бузурги сунъӣ, барои нигоҳдории об, бо мақсади обёрӣ намудан ҷавоб гардонида истодаанд. Дар айни замон зиёда аз 90 обанбор дар ҳавзи баҳри Арал вуҷуд дорад, ки 55 онҳо дар ҳудуди Ӯзбекистон ҷойгиранд ва бисёри аз онҳо дар давоми 20 соли охир сохта шудаанд. Мутаассифона, қисми зиёди онҳо дар замини қумзор сохта шудаанд, ки миқдори калони об ба қумзамин фурӯ меравад. Оқибати чунин истифодаи ғайриодилонаи об дар якҷоягӣ бо идома ёфтани вобастагии маҳсулотҳои обталаб ба монанди пахта ва ҳатто биринҷ ба талошҳои пешгирии хушкшавии баҳри Арал монеа эҷод мекунанд».

Дар ҳамин ҳол тибқи хабарҳои расида корхонаи «Турбоатом»-и шаҳри Харкови Украина ду чархаи НБО-и Роғунро сохта ва ояндаи наздик онро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Тавононии ҳар яке аз ин чархаҳо 640 МВт будааст.
Ҳоло мавзӯи аслӣ ин аст, ки ин чархаҳо ба кадом тариқ ба Тоҷикистон расонида мешаванд, зеро таври маълум Ӯзбакистон аз қабл гуфта буд, ки интиқоли ҳар гуна маводеро, ки ба нерӯгоҳи мазкур рабт дорад, иҷозаи вуруд аз қаламраваш нахоҳад дод. Ба тахмини коршиносон ин чархаҳо аз роҳи ҳавоӣ ба маҳаклли нерӯгоҳ расонда мешаванд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!