Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:38

Боз як футболбози қазияи «бозиҳои фурӯхташуда» худкушӣ кард

17 апрел 2012, 05:10

Ли Гюн Хван, футболбози Кореяи Ҷанубӣ, ки то охири умр аз ширкат дар бозиҳо маҳрум шуда буд, худкушӣ кардааст.

Ин варзишгари 24 сола худро аз боми манзили маскунияш ҳаво дода, дар роҳ ба сӯи беморхона ҷон медиҳад.

Ли Гюн Хван дар клубҳои «Тэчжон Ситизен» ва «Сувон Самсунг Блюуингз»-и Кореяи Ҷанубӣ бозӣ кардааст. Соли 2011 зимни таҳқиқоти бозиҳои фурӯхташуда дар мусобиқаҳои Корея Хван иқрор кард, ки дар чунин дидорҳо ширкат дошт. Баъди ин ӯро то охири умр аз ширкат дар бозиҳо манъ намуда, шартан се сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дар маҷмӯъ қазияи бозиҳои фурӯхташуда 57 нафарро фаро мегирифт, ки 46 нафари онҳо футболбозони собиқ ва амалкунанда буданд.

Ли Гюн Хван чорумин нафаре дар ин қазия аст, ки худкушӣ мекунад. Моҳи майи соли 2011 Ҷон Чон Кван, нимҳимоятгари 29 сола худро овехт. Моҳи октябри соли 2011 Ли Су Чхол, мураббии яке аз дастаҳо худкушӣ кард. Ҳамчунин Юн Ки Вон, дарвозабони тими «Инчхон Юнайтед» ба ҷони худ қасд намуд.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!