Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Номаҳбубтарин президент

17 апрел 2012, 05:17

Бар асоси охирин назарсанҷие, ки дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Фаронса доир  кардаанд, Николай Саркозӣ номаҳбубтарин президенти ин кишвар шинохта шудааст.

Тибқи натиҷаи назарсанҷӣ 64 дар сади фаронсавиҳо аз вай норозиянд ва фақат 36 фисад аз ӯ изҳори ризоият кардаанд.

Бино ба иттилои нашршуда ин поинтарин мизони номаҳбубии як раисҷумҳур дар Фаронса дар остонаи интихоботи президентӣ мебошад.

Дар ноябри соли 1965 ва апрели соли 1988 аз Шарл Дегол ва Франсуа Миттеран 54 дар сади мардуми Фаронса ризоият доштанд.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса дар ду давра ва рӯзҳои 22-юми апрел ва 6-уми май баргузор хоҳад шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!