Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:38

Нависанда: Омӯзгорони мактабҳои мо хеле бесаводанд

17 апрел 2012, 07:06

Сабаби бисёр бад будани аҳволи журналистикаи бачагона, ҳатто набудани журналистоне ки барои бачаҳо менависанд, дар он аст, ки дар Тоҷикистон воқеан кӯдак бисёр аст.

Ҳар чизе ки бисёр шуд, беқадр мешавад. Масалан дар Ғарб ё дар Русия аллакай бонги хатар мезананд, ки нуфузи аҳолӣ кам мешавад, сабабаш он аст, ки кӯдакон кам таввалуд мешаванд. Аз ин сабаб ба модару кӯдак хеле ғамхорӣ мекунанд. Дар мо замину замон пур аз кӯдак шудааст, барои ҳамин қадр надорад. Агар дар Тоҷикистон ҳам дар ҳар оилаи як ё ду кӯдак мебуд, он вақт шояд ба қадри кӯдак мерасидему журналистикаи бачагона ҳам ба ягон пешравӣ ноил мешуд.

Сабаби дигар ҳамин аст, ки мактабҳои мо хеле заифанд, он қадар сустанд, ки ба бачаҳо фақат хондану навиштанро ёд медиҳанд. Албатта, шумо шояд гӯед, ки ҳастанд-ку донишҷӯёне ки дар хориҷу инҷову онҷо таҳсил мекунанд. Онҳо литсейҳои хусусӣ ё литсейҳои хуби давлатӣ ё хориҷиро хатм намудаанд. Аз мактабҳои умумӣ баъзан, аҳён аҳён босаводон «мебароянд».

Мактаб ҳамон вақт мактаб ном мегирад, ки дар бача шавқу ҳаваси хонданро бедор кунад. Яъне бесаводии кӯдакон аз бесаводии муаллимон аст. Мо бисёр вақт аз ҳад зиёд худро таъриф мекунем. Омӯзгорони мактабҳои мо хеле бесаводанд. Дар як мактаб дидам, ки муаллимае, ки зиёда аз сӣ сол дарс гуфтааст, дар навиштани болои як дафтари шогирдаш шаш хато содир кардааст.

Барои мутолиаи идомаи сӯҳбати нависанда Азизи Азиз ба ин нишонӣ биравед: http://www.ozodagon.com/sr/item/16336

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!