Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:54

Фурӯрезии бино дар Маскав 8 тоҷикро маҷрӯҳ кард

17 апрел 2012, 08:59

Шаби 16 ба 17-уми апрел тахминан соати 01:40 дар минтақаи ҷануби шаҳри Маскав биное фурӯ рехт, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат расида, беш аз 10 каси дигар ҷароҳат бардошт.

Шахсияти нафари фавткарда ҳанӯз маълум нашудааст. Аз хадамоти матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон гуфтанд, ки миёни маҷрӯҳон 8 ҳамватани мо низ будааст. Ба иттилои манбаъ Ромиш Абдуллоеви 20 сола ва Аслан  Умарови 36 сола феълан дар шифохонаи №15-и шаҳри Маскав муолиҷа мегиранд. Нуриддини Икромзодаи 21 сола ҳамроҳ бо Улмас Мустафоеви 19 сола дар беморхонаи №1-и пойтахти Русия бистариянд. Фахриддин Ашурови 22 сола дар шифохонаи №7, Комрон Ҳалимови 18 сола дар касалхонаи №13, Парвиз Эшмуродови 27 сола ва  Аслиддин Ашурови 17 сола бошанд дар пажӯҳишгоҳи ба номи Н.В. Склифосовскии шаҳри Маскав қарор доранд.

«Феълан бо мақсади кӯмак ба осебдидагони тоҷик сафорат мавзӯъро мавриди назорати қатъӣ қарор дода, бо зарардидагон ва намояндагони мақомоти дахлдори шаҳри Маскав пайваста дар тамос мебошад. Аз ҷумла, чанд тан аз кормандони бахши консулии сафорат ба шифохонаҳои пойтахти Русия сафарбар шудаанд»,-афзуд сарчашмаи хабар.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!