Бахшҳо
31 май 2011 10:46Гузориш

Маълулон ҳам варзишгарони номианд

Мутаасифона, нафарони имконияти маҳдуд дошта дар шаҳру манотиқи кишвар аз таваҷҷӯҳи мақомот ва ҳам ҷомеа дуранд ва  шароити танҳоӣ онҳоро яъсу навмед месозад.

Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд Федератсияи варзишгарони маъюби вилояти Суғд дар ҳамҷоягӣ бо Раёсати ҷавонон варзиш ва саёҳии вилоят ва созмони ҷамъиятии «Маркази дасгирии занону кӯдакони ба номи Зебинисо Рустамова» мусобиқаи варзишии шашка - (мӯҳрабозӣ )-ро миёни наврасони имконияти маҳдуд дошта ва ё маълулон баргузор карданд. Дар ин мусобиқот беш аз 100 нафар наврасони имконияти маҳдуд аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Қайроқум, Исфара, Спитамен ва ноҳияи ба номи Б. Ғафуров ширкат варзиданд.

Зебинисо Рустамова аз ташаббускорони ин мусобиқот ба хабарнигори «Озодагон» дар вилояти Суғд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории инчунин мусобиқот бо иштироки наврасони маълул  мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтани онон  аст. Ӯ гуфт, «мутаасифона нафарони имконияти маҳдуд дошта дар шаҳру манотиқи кишвар аз таваҷҷӯҳи мақомот ва ҳам ҷомеа дуранд ва  шароити танҳоӣ онҳоро яъсу навмед месозад». Ҳол он ки мегӯяд хонум Зебинисо, ин наврасон ҳам дар баробари дигар хамсолони ҷисман солими худ, ҳунару маҳорати зиёд доранд.

Мӯҳрабозӣ, ки бо иштироки наврасони имконияти маҳдуд дошта баргузор гардид, дар ду марҳила, миёни  ҷавонписарон ва духтарон ҷараён гирифт. Аз миёни писарҳо ҷои аввал насиби Ҳофиз Улмасов аз шаҳри Исфара гардида, барандаи мақоми дуввум Раҳмон  Каримов аз ҳамин шаҳр гардид. Ҷойи сеюми ифтихориро Бунёд Муродов аз ноҳияи Спитамен ишғол кард.

Бозӣ миёни бонувон ба ин натиҷа ба поён расид: ҷойи аввал Рухшона Шарипова аз шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби Фарзона Қурбонова аз шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюмро Нигина Эргашева аз ноҳияи  Спитамен соҳиб шуд.

Маврид ба ёдоварист, айни замон Федератсияи варзишгарони маълули вилояти Суғд 150 нафар узв дошта, аъзои ин иттиҳодия то ин дам, дар намудҳои гуногуни варзиш дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ширкат ва соҳиби ҷоиза  шудаанд.{jathumbnail off}

Қамари Аҳрор

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)