Бахшҳо
18 апр 2012 03:48Хабарҳои ҷаҳон

Тавофуқи Карзай ва Ҳикматёр

Музокироти сулҳи раиси Ҷумҳури Афғонистон ва ҳизби исломии Ҳикматёр дар Кобул, мусбат арзёбӣ шуд.

Ба гузориши хабарнигори "Озодагон" аз Эрон, дафтари матбуотии раёсати  ҷумҳурии Афғонистон рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, ки Ҳомид Карзай ва Ғайрат Баҳир-намояндаи ҳайати ҳизби исломии Ҳикматёр дар кохи раёсати ҷумҳурӣ дидор ва дар бораи бисёре аз масоил бо якдигар тавофуқ карданд.

Қариб-ур-раҳмони Саъид  масъули умури сиёсии ҳизби исломии Ҳикматёр низ дар ин бора гуфт: Карзай ва Баҳир дар ин дидор илова бар музокираи сулҳ бо давлат, дар мавриди паймони стратегии Кобул-Вашингтон ҳам табодули назар кардаанд. Вай афзуд, ки дар асли тарҳҳои Ҳизби Исломӣ ва Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон ихтилофи назар вуҷуд надорад ва фақат баъзе калимаҳои истифода шуда дар ин тарҳҳо бояд бознигарӣ шавад.

Масъули умури сиёсии ҳизби исломии Ҳикматёр ҳамчунин зимни муфид ва созанда хондани мулоқоти ҳайати ин ҳизб бо Салоҳуддин Раббонӣ - раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон гуфт: Салоҳуддин Раббонӣ ҷавони боистеъдод ва солеҳ аст ва мо интизор дорем, ки номбурда барои истиқрори сулҳ дар Афғонистон нақши муассир иҷро хоҳад кард.

Гуфта мешавад ҳайати ҳизби исломии Ҳикматёр дар сафар ба Афғонистон бо мақомҳои сафорати Фаронса дар Кобул низ дидор кардаанд. Музокироти расмии ҳизби исломии Ҳикматёр ба манзури гуфтугӯҳои сулҳ бо давлати Афғонистон аз ҳафтаи гузашта оғоз шуд.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)