Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 27 май 2017, 07:24

«Челси» - «Барселона»: Кӣ зуртар?

18 апрел 2012, 05:45

Имрӯз, 18-уми апрел бозии аввали ҷуфти дуюми Лигаи қаҳрамонҳо дар қисмати ниманиҳоӣ сурат мепазирад.

Рақобати «Челси» ва «Барселона» дар варзишгоҳи  «Стэмфорд Бриҷ»-и Лондон соати 23:45 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ҷуфти аввал бозии нахустинашро анҷом дод. Тими «Бавария»-и Мюнхен бар «Реал»-и Мадрид дастболо шуд. Ин рақобат дар варзишгоҳи «Алянтс-Арена»-и шаҳри Мюнхен бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

Соҳибони майдон дар дақиқаи 17-уми бозӣ ҳисобро кушоданд. Франк Риберӣ аз имкони хуби голзанӣ истифода кард. Дар дақиқаи 53-юм ҳамлагари «Реал» Месут Озил ҳисобро баробар кард. Дар охирин дақиқаҳои бозӣ Марио Гомес «Бавария»-ро пешгом кард.

Бозии ҷавобӣ 25 апрел дар Мадрид баргузор мешавад.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!