Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:13

Карзай: Амрико бояд ҳар сол 2 миллиард бидиҳад

18 апрел 2012, 05:59

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтааст, Амрико муваззаф аст, ки барои 1 сол ҳудуди 2 миллиард доллар ба кишвараш пардохт намояд.

Ин изҳороти Ҳомид Карзай зимни вохӯрии ӯ бо донишҷӯёни донишгоҳи Кобул садо додааст. Ҳомид Карзай ҳамчунин гуфтааст, «Амрико иқрор мекунад, ки бояд ба мо маблағ пардохт намояд, аммо ҳаҷми онро номбар намекунанд. Мо розием ба маблағи камтар, аммо ҳаҷми он бояд ҳатман дар созишнома дарҷ гардад».

Бино ба гуфтаи Ҳомид Карзай баъди берун рафтани нерӯҳои Эътилофи шимол  дар соли 2014 барои нерӯҳои амниятии кишвараш ҳудуди 2 миллиард доллар маблағ зарур аст.

Ин изҳороти раисҷумҳури Афғонистон дар заминаи гуфтушуниди дутарафаи  миёни Афғонистону Амрико сурат гирифтааст. То ин замон Кобул муваффақ шудааст, 2 шарт-вогузоштани назорати зиндони маҳбусон дар Багром ва манъи рейдҳои шабона аз сӯи нерӯҳои махсуси амрикоиро бипазиронад.

Ҳамчунин Вашингтон иқрор кардааст, ки дар буҷаи соли 2013 ҳудуди 2,5 миллиард доллар барои Кобул пешбинӣ кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!