Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:27

Норизоии Зуҳуров аз намояндаи президент

18 апрел 2012, 06:52

Имрўз қабл аз тасдиқи рўзномаи ҷаласаи навбатии маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони кишвар аз намояндаи комилҳуқуқи президент дар парлумон Ҷумъахон Давлатов ҷиҳати муроҷиати расмӣ бо президент изҳори норизоӣ намуд.

Хабарнигори Озодагон аз парлумон иттилоъ дод, Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки муроҷиати расмии Ҷумъахон Давлатов бо президент дар мавриди баргардонидани қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани таѓйири иловаҳо ба кодекси гумруки кишвар аз Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ нофаҳмиҳоеро ба вуҷуд овардааст. Зеро Давлатов дар муроҷиати худ навиштааст,  ки лоиҳаи қонуни мазкур гўё дар вақти баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон бо агентии стандарткунӣ, кумитаи амният, вазорати эенергетика ва саноат ва вазорати тандурустӣ мувофиқа карда нашудааст: «Ҳол он ки ин вазифаи МНМО нест. Зеро қонуни мазкурро ба Маҷлиси намояндагон дастгоҳи иҷроияи ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буд ва ин лоиҳа бояд он замон дар дастгоҳ бо мақомот мувофиқа карда мешуд. Баъдан муҳтарам Ҷумъахон Давлатов шумо хоҳиш кардед, қонунеро, ки Маҷлиси Намояндагон қабул карда буд, президент аз Маҷлиси миллӣ багардонад. Ҳол он ки тақрибан 2 моҳ пеш шахсан ман барои баргардонидани ин қонун аз Маҷлиси миллӣ аз  шумо хоҳиш карда будам, вале шумо гуфтед, ки худатон ин қонунро бармегардонед. Чи шуда, ки шумо қонунро ба мо барнагардонида ва ба Маҷлиси миллӣ равон карда барои баргардонидани он ба президент муроҷиат кардед?»

Тафсилоти бештар чанд лаҳза баъд пахш мешавад

 


 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!