Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:55

Офати табиӣ ҷони 14 нафарро гирифт

18 апрел 2012, 07:11

Тоҷикистон бар асари офатҳои табии дар семоҳаи аввали соли равон 2 милиону 342 ҳазору 500 сомонӣ зарар дид.

Тавре Ориф Нозимов сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод, дар семоҳаи аввали соли равон аз рӯи маълумотҳои пешакӣ 155 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 139 адад зиёд мебошад. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввали соли равон дар кишвар 14 нафар ҷони худро аз даст дод. Шумораи қурбониёни офати табиӣ дар ҳамин давраи соли гузашта ба 17 нафар расида буд.

Сарчашмаи хабар илова намуд, ки семоҳаи аввали соли равон дар натиҷаи зиёд боридани барф ва фаромадани тарма ба 93 адад манзили зисти шаҳрвандон зарари зиёди моддӣ расид, ки 19 манзили  истиқоматӣ пурра хароб гардид. Маблағи хисороти расида аз офатҳои табиӣ дар асоси ҳисоботҳои пешакӣ 2 милиону  342 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли 2011 бошад, маблағи зарар аз офатҳои табиӣ 181 ҳазору 300 сомонӣ расида буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!