6-умин намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ бо иштироки донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ рўзҳои 20 ва 21-уми апрели соли равон дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Тавре аз ширкати муштараки Тоҷикистон - Малайзия «Аҳмадсоз» ба Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории ин намоишгоҳ шиносоии ҷавонони тоҷик ва донишҷўён бо шароити таълимии донишгоҳҳои хориҷи кишвар буда, ҷавонон метавонанд зимни ин намоишгоҳ ихтисоси дилхоҳи худро интихоб намоянд. Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ дар назар аст 6 донишгоҳ аз кишварҳои Англия, Малайзия, Туркия ва шаҳри Дубай ширкат варзанд. Вале иштироки донишгоҳҳои ватанӣ ҳанӯз дар ин чорабинӣ маълум нест. Ба таъкиди манбаъ давоми чанд рўз мешавад донишгоҳҳои кишварро барои иштирок дар намоишгоҳи таълимии мазкур даъват намудаанд, аммо то ҳол аз ҷониби онҳо барои ширкат ҳеч посухе нест.
Мӯҳр