Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:06

Ба афроди бекор пул медиҳанд.

19 апрел 2012, 04:14

Қарз  585 нафари бекор 1668414  сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дарёфт карданд. Тавре ба Озодагон аз Вазорати меҳнат хабар доданд, ин кор дар доираи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии  Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013» амалӣ шудааст. Қарзҳои боимтиёз ба афроди бекор аз ҳисоби маблағҳои бозгаштшуда барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дода шудааст. «Самти фаъолияти соҳибкории шаҳрвандони бекор давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ асосан ба соҳаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ равона гардидааст. Тибқи маълумотҳо тайи  давраи ҳисоботӣ ҷиҳати машғул шудан ба  фаъолияти истеҳсолӣ ба 303 нафар дар ҳаҷми 850572 сомонӣ барои пешбурди фаъолияти тиҷоратӣ ба 189 кас ба андозаи 545860 сомонӣ барои пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ба 93 тани дигар дар ҳаҷми 271982 сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок пардохт гардидааст»,-афзуд манбаъ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!