Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

Қарзу грантҳо дар Тоҷикистон самараи дилхоҳ намедиҳанд

19 апрел 2012, 05:05

Садҳо миллион доллар қарзу грантҳои ҷудонамудаи созмонҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон (БОР) ба таври лозима сатҳи камбизоатиро паст накарда, вазъи иқтисодию иҷтимоии тоҷикистониёнро беҳбуд набахшидаанд.

Ин нуқтаро дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодагон Авилаш Роул, мудири иҷроияи Анҷумани байналмилалӣ оид ба таъмини шаффофияти кори БОР изҳор дошт.

 

Роул сабаби асосии камсамарии лоиҳаҳоеро, ки БОР ва дигар созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар Тоҷикистон амалӣ мекунанд, ба он рабт медиҳад, ки ин лоиҳаҳо аксаран бе ҷалби оммаи васеъ, огоҳии мардум ва беназардошти фикри мутахассисони маҳаллӣ амалӣ мегардад. Вай зарурияти ислоҳи ин камбудиҳоро таъкид карда афзуд, ки мардуми Тоҷикистон ҳақ доранд, аз маблағ, мақсад ва раванди татбиқи лоиҳаҳо огоҳ бошанд, зеро дар ҳар сурат пули ин лоиҳаҳо аз ҳисоби андозсупорандагони Тоҷикистон баргардонда хоҳанд шуд.

Дар ҳоли ҳозир тибқи иттилои Вазорати молия, қарзи  Тоҷикистон дар назди созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ ҳудуди 2,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки баробари 35 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!