Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 2 декабр 2016, 22:58

«Барселона» шикаст хӯрд

19 апрел 2012, 09:17

«Барселона» дар бозии аввали даври ниманиҳойии Лигаи қаҳрамонҳо аз тими «Челси» шикаст хӯрд.

Ин дидор дар Лондон бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонҳо анҷом ёфт.

Голи ягонаи бозиро дар охири қисмати аввал Диде Дрогба ба ҳадаф расонд. Меҳмонон чанд имкони хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд.

Дидори ҷуфти дигари тимҳои шомили даври нимфиналӣ миёни «Бавария»-«Реал» бо пирӯзии аввалӣ ба охир расид. «Бавария» ҳарифашро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бозиҳои ҷавобии даври ниманиҳойӣ 24 ва 25-уми апрел баргузор мешавад «Барселона» бо «Челси» ва «Реал» бо «Бавария» рақобат мекунанд. 21-уми апрел бошад, «Барселона» ва «Реал» дар доираи чемпионати Испания вориди рақобат мешаванд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!