Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:44

Мушкилоти моликияти зеҳнӣ дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад

19 апрел 2012, 09:38

Фардо, 20-уми апрел дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавзӯи ҳифзи моликияти зеҳнӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷа ҳамоише баргузор хоҳад шуд.

 

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории ин нишаст таҳлили камбудиҳои ҷойдошта ва пешниҳоду тавсияҳо  дар соҳаи ҳифзи моликияти зеҳнӣ барои соҳибкорони хурду миёна мебошад. Дар ин нишаст намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва ташкилотҳои хориҷиву байналхалқи ширкат меварзанд.

Манбаъ мегӯяд, зимни ин чорабинӣ дастовардҳои маркетингӣ ва дигар мушкилоти ин соҳа матраҳ хоҳад шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки 26-уми апрели соли равон дар рӯзи байналмилалии ҳифзи моликияти зеҳнӣ мебошад, ки дар бархе аз кишварҳо ба муносибати ин рӯз силсилачорабиниҳо доир мегардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!