Бахшҳо

Бародарони нашъаҷаллобро то 18 сол аз озодӣ маҳрум карданд

Ҷумахон Ҳамидуллоев, Абдуғафор, Маҳмадҳалим ва Абдусатор Давлатовҳо бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии шаҳри Душанбе аз 12 то 15 солӣ аз азодӣ маҳрум шуданд.

Ин афрод бо иттиҳоми ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, интиқол ва хариду фурӯши маводи нашъадор муҷрим шинохта шудаанд. Бародарон Давлатовҳо истиқоматкунандаи деҳаи Саричашмаи шаҳри Кӯлоб  ва Ҷумахон Ҳамидуллоев сокини ҷамоати Турдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ ҳастанд.

Тавре аз ВКД ба Озодагон хабар доданд, 26-27-уми майи соли 2011 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорат як гурӯҳи муташаккили нашъаҷалоб дастгир шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни  азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи шаҳрванд Ҷумахон Ҳамидуллоев маводи нашъадори навъи «афюн», ки вазнаш 4 киллою  408 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира шуд. Инчунин аз бародарон Абдусаттор, Маҳмадҳалим ва Абдуғаффор Давлатовҳо дар 13 бастаҳои селофанӣ, ки дар дохили он маводи нашъадори «бангдона» вазнаш 3 килою 870 грамм, «афюн» дар ҳаҷми 3 киллою  950 грамм ва «ҳашиш» 5 киллою 310 грамм кашф ва забт шудааст. Ба иттилои манбаъ Абдуғафор Давлатов аз ин пеш бо моддаи 200 қисми 4, банди «д»-и Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон ба мӯҳлати 15 сол суд шуда буд.

Додгоҳ Ҷумахон Ҳамидуллоевро ба мӯҳлати 14 ва бародарон Абдусаттор ва Маҳмадҳалим Давлатовро ба мӯҳлати 12 сол аз озодӣ маҳрум кард. Абдуғафор Давлатов бошад, 18 сол равонаи зиндон шуд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)