Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 30 апрел 2017, 04:20

Квотаи донишгоҳҳо ва бурсҳои таълимӣ ба кӣ мерасанд?

1 июн 2011, 05:29

Дар Маскав ҷаласаи муштараки шӯрои донишгоҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом пазируфт.

Тибқи иттилои расида, ин ҳамойиш бо ибтикори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ва Бунёди байналмилалии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои узви ин иттиҳод сурат пазируфтааст.

Дар ин нишаст натоиҷи ҷамъбасти таҳсили магистрҳо дар соли таҳсили 2010-2011, барномаи муштарак барои курсҳои аввали магистрҳо, қабули донишҷӯён, тақсимоти квотаҳои Федератсияи Русия ва бурсҳои Фонди байналмилалии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳо муҳокима гардиданд. Дар ҷаласаи шӯро намояндагони вазоратҳои илму маорифи кишварҳои узви ИДМ, Фонди байналмилалии ҳамкориҳои башардӯстонаи давлатҳо ва намояндагони донишгоҳҳои 9 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Украина ва Русия ширкат доштанд.

Ёдрас менамоем, аз Тоҷикистон 2 мактаби олӣ-Донишгоҳи Миллӣ ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон узви Консорсиуми шабакаҳои донишгоҳҳои ИДМ мебошанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!