Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

Ғарибак Озодагон шуд.Қистакӯзро Хистеварз ва Қатағанро Зарзамин карданд

20 апрел 2012, 05:50

Дар шимоли кишвар исми чанд шаҳру навоҳӣ тағир дода шуд.

Тавре аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ин тасмим ба манзури иҷрои қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба иваз кардани номи шаҳр, шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, акнун шаҳраки КИМ-и шаҳри Исфара номи Нурафшонро гирифтааст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, деҳоти Қистакӯз-Хистеварз, Қатаған-Зарзамин, Ӯткансой-Чашмасор шуданд. Шаҳри Табошар номи Истиқлолро гирифт. Дар ноҳияи Ғончӣ рустоҳои Қизилӣ ба Лолазор, Қийғир ба Шоҳин, Мӯрияк ба Офтобрӯ, деҳоти Ленинобод ба Чорбоғ, Коммунизм ба Зарҳалол иваз шуд. Дар шаҳри Истаравшан Фрунзеро Сабристон карданд. Дар ноҳияи Ашт деҳоти Ҷарбулоқро Ориён ва Қамишқӯрғонро Меҳробод ном гузоштанд. Дар шаҳри Конибодом рустоҳои Қайроғоч-Ободон, Каттақишлоқ-Хуррамобод, Янги Кӯчкакӣ-Сомониён номида шуд. Дар шаҳри Панҷакент деҳаҳои Ғарибак ба Озодагон, Каттақишлоқ ба Хуррамобод, Советобод ба Рукнобод, Зарангбош ба Зарфишон, дар ноҳияи Шаҳристон деҳаҳои Холдорқипчоқ ба  Ободӣ, Қӯшқӯрғон ба Суғдиён, Янгиқурғон ба Навкент, Қарибчӣ ба Гулистон, Тавоқбулоқ ба Чашма, Куллиқӯтан ба Ҳисор, Бӯраген ба Фирдавсӣ, Ҷарқӯтан ба Турсунзода, Қаерма ба Ваҳдат, Ишқилӣ ба Бӯстон, Кенгкӯл ба Истиқлол ва Ӯроқлӣ ба Темурмалик тағйири ном карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!