Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 23:28

БОР: Суръати рушди Тоҷикистон сусттар мешавад

20 апрел 2012, 10:19

Бонки осиёии рушд (БОР) дар гузориши ҷаддиди худ, ки «Рушди Осиё дар соли 2012» уновн гирифтааст, коҳиши суръати тарққиёти Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад.

Таҳлилгарони бонк пешгӯӣ мекунанд, ки  афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон соли ҷорӣ нисбат ба гузашта 1,9 дар сад кам шуда, аз 7,4 фисад то 5,5 фоиз коҳиш меёбад. Сабаби асосии коҳиши рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба эҳтимоли болоравии сатҳи таваррум, нархи сузишворӣ, ва маводи ғизоӣ рабт дода мешавад.  
Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон аз соли 1998 фаъолият карда, то ҳол дар ҳаҷми 850 миллион доллари амрикоӣ қарз, грант ва кӯмаки техникӣ расондаст. БОР бештар ба энергетика, нақлиёт ва хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон афзалият медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!