Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:26

Ба ҷавонони тоҷик квотаи 50 ва 100% пешниҳод мешавад

20 апрел 2012, 12:46

Имрӯз, 20-уми апрел дар шаҳри Душанбе нахустин марҳилаи намоишгоҳи шашуми байналмилалии таълимии ширкати «Аҳмадсоз» ифтитоҳ шуд.

Дар ин чорабинӣ намояндаҳои 6 донишгоҳи хориҷӣ иштирок доштанд. Абдуразоқ Абдуллоев, директори ширкати мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар рӯзи аввали баргузории намоишгоҳ ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик хеле фаъол буданд. Онҳо ба шароиту усули таълими донишгоҳҳои хориҷа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамуданд. Номбурда иброз дошт, ки як тафовути намоишгоҳ аз дигар намоишгоҳҳо ҳамин аст, ки имрӯз барои донишҷӯёни лаёқатманди тоҷик кувотаҳои 50 ва 100% пешниҳод гардидааст: «Аз донишгоҳҳои хориҷа хусусан донишгоҳи Кипр квотаи 50% ва аз донишгоҳҳои худи мо 100% пешниҳод шуд, ки ҷавонони лаёқатманд дар асоси суволу ҷавоб имкони соҳиби чунин квотаҳо шуданро доранд». Дар намоишгоҳ донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа, аз қабили  Британияи Кабир, Хитой ва Туркия ширкат намуданд. Фардо, 21-уми апрел марҳила дувуми намоишогоҳ доир мешавад. Бино ба маълумоти директори ширкати Аҳмадсоз, силсиланамоишгоҳҳои навбатӣ 23-уми апрел дар шаҳри Турсунзода, 25-уми ҳамин моҳ дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳанд шуд. Масъулини ширкати муштарки Тоҷикистон-Малайзия «Аҳмадсоз» қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории намоишгоҳҳои таълимӣ, имконияти беҳтар пайдо кардани ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои пешрафта мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин намоиш боз кай баргузор мегардад?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!