Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:01

500 хонаводаи ноҳияи Мурғоб ёрии башардӯстона мегирад

21 апрел 2012, 06:24

Имрӯз, 21-уми апрел корвони ёрии башардӯстонаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон роҳи ноҳияи Мурғобро пеш гирифт.

Ба Озодагон аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон гуфтанд, ки ёрии башардӯстона аз маводи ғизоӣ иборат буда, барои хонаводаи осебпазир ва ниёзманди ноҳияи дурдасти Бадахшони Кӯҳӣ нигаронида шудааст. «Корвони ёрии башардӯстона аз орд, равғани растанӣ, шакар ва чой иборат мебошад ва ба оилаҳои серфарзанд, пирони танҳо ва оилаҳое, ки саробонашон зан ҳастанд, тақсим мегардад. Дар маҷмӯъ дар назар аст, ки 500 хонавода, ки бештар аз 20 дар сади аҳолии ноҳияи Мурғобро ташкил медиҳад, аз кӯмакҳо бархӯрдор гарданд.»,-афзуд манбаъ.
Кӯмакҳои башардӯстона  ба он хотир ба ноҳияи Муроғоб равона шудааст, ки тибқи пажӯҳиши созмонҳои байналмилалӣ ба монанди Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ, бӯҳрони ахири молӣ ва ғизоӣ дар ҷаҳон, гаронии арзиши сӯзишворӣ, мушкили роҳҳо ва сардии шадиди зимистони имсол ба амнияти ғизоии мардуми ин минтақа таъсири манфии худро расонидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!