Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Клинтон: Арабистон муҳимтарин манбаи таъмини молии террористҳост

21 апрел 2012, 06:26

Сомонаи ифшогари «Вики-ликс» бо интишори як санади маҳрамонаи дигар эълом кард, ки вазири хориҷаи Амрико эътироф кардааст, Арабистони Саудӣ муҳимтарин манбаи таъмини молии гурӯҳҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон аст.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», ба назар мерасад мавсими тавсия-ҳисобҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ миёни Вашингтон ва Риёз пеш аз замони интизор оғоз шудааст. Тибқи санади фошкардаи пойгоҳи интернетии «Вики-ликс» Ҳилари Клинтон, вазири хориҷаи Амрико дар бораи иқдоми сармоядорони Саудӣ дар таъмини молии гурӯҳакҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон ҳушдор додааст.
Клинтон таъкид кардааст, ки аз муҳимтарин гурӯҳҳое, ки аз ин кӯмакҳои молии Саудӣ баҳра бурдаанд, «Ал-қоида», «Толибон» ва созмони низомии «Тайиба» аст. Вазири хориҷаи Амрико дар ин санад ҳамчунин аз талошҳои мавҷуд дар Аморат, Қатар ва Кувейт барои муқобила бо шуришиён интиқод кардааст.
Дар телеграфи маҳрамонае, ки дар декабри соли 2009 ирсол шудааст, Клинтон аз дипломатҳои амрикоӣ хостааст, барои пешгирӣ аз расидани пул ба гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки суботу амниятро дар Покистону Афғонистон таҳдид мекунад, талош кунанд, зеро ин гурӯҳҳо нерӯҳои НАТО-ро ҳадаф қарор медиҳанд.
Бисёре аз дипломатҳои амрикоӣ муътақиданд, ки маблағҳои молии зиёде аз сӯи Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷ ба дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ мерасад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!