Бахшҳо
21 апр 2012 08:25Адабиёт

Ҳазору як ғалати як китоб

ИДОМА. "Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ", ки ҷилди нахустини он чанде пеш ба дасти хонандагон расид, мутаассифона, гувоҳи  пасрафти фарҳангнигорӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистон мебошад. Ин фарҳанг ҳам чун фарҳанги қаблии тафсирӣ, ки низ маҳсули илмии кормандони ҳамин  Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буда ва боиси интиқодҳои шадид гардид, балки бештар аз он анборе пур  аз ғалату хатост.

(Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ҷилди 1. Тартибдиҳандагон Назарзода С., Каримов С., Файзиев С. Душанбе, нашриёти "Шарқи озод", 2011)

ДЕҲ КУҶОВУ ДАРАХТОН КУҶО?
Андар адами мутобиқати шоҳид бо воҳиди луғавӣ

Дар мавридҳои зиёд шоҳиде, ки барои таъйиди маънои калима ва ибораҳо овардаанд, ҳеч мутобиқате бо ин маъно ва тафсир надорад. Мутобиқ бо масали  мушт намунаи хирвор чанд мисол меоварам, чи агар хоҳем ҳамаро баршуморем, дафтарҳо мебояд.
"Аквон номи деве дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ". Барои шоҳид пас аз байте аз Фирдавсӣ байти дигар аз Қозӣ Эрназар номе омада, ки ҳеч иртиботе бо Аквондев надорад:

Муҳит омад ба илми сармадӣ зарроти Аквонро,
Мисоли ҷаҳр донад сирри ихфоро ба ҳар мазмун.

Ин шоҳид мувофиқ ба "аквон"-и дигар аст, ки ҳастиҳо, мавҷудот шарҳ шудааст.
Маънии чаҳоруми алаф хӯрок, озуқа дода шуда ва барои ин маъно 5 шоҳид оварда шудааст, вале ду шоҳид аз Икромӣ ва Улуғзода возеҳан ба маънои аввали ин калима, яъне гиёҳ далолат мекунад. Чунончи: "Маҳмуд баногоҳ аз байни алафҳо якто патрони тирнок ёфт".
Ба шаҳодати маънои аслии "алмос", яъне "санги қиматбаҳо" ҷумлае аз нависанда Сорбон омадааст, ки ба ин маъно мувофиқ нест ва бояд ба шаҳодати маънои маҷозии он "шамшер, теғ ва ҳар чизи тезу буранда" оварда мешуд: "Мир аз зарбаи тозиёнаи ӯ биме надошт, хафа ҳам нашуд, вале "безорӣ" гуфтанаш мисли алмос дили ӯро чок карда гузашт".
Зимнан, дар ҳамин маънои маҷозии "алмос" дар қатори "шамшер, теғ ва ҳар чизи буранда", "обгина" ҳам оварда шуда, ки рабте бо шамшеру теғ надорад ва маънояш ҷуз инҳост ва бояд ҷудогона оварда мешуд.
Ба таъйиди маънои аввали вожаи "алоқа", яъне "муносибат, иртибот, рабт; вобастагӣ, пайвастагӣ" байти зайли  Ҷомӣ омадааст:

Гавҳаркаши ин алоқаи дур,
З-он дур кунад ин алоқаро пур.

Аммо "алоқаи дур" дар мисраъи аввал ва "алоқа" дар мисраъи дувум  ба маъноест, ки худи муаллифон дар сафҳаи баъд, зайли "алоқаи дур" овардаанд, яъне "шадаи дурру гавҳар, тавқи марворид".
Намунаи равшантарини номутобиқатии воҳиди луғавӣ бо шоҳиди он ин аст: "аз муҳит андеша доштан аз гирду атроф ва чашми бегонагон тарс доштан

Дар дили мо гар намеоӣ, ба чашми мо биё,
Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё!"

Сайидо "бед" гуфта ва инон "тут" фаҳмидаанд. Дар ин байти зебо "муҳит" гирду атроф нест, балки "уқёнус" аст, яъне шоир дилашро ба "уқёнус" ва чашмашро ба "дарё" ташбеҳ дода ва гуфтааст, агар майл ҳам ки ба мо надорӣ,  ҳадди ақалл ба чашмам намудор бишав.
"Андарёб ҳис,  эҳсос, ҳосса" маънӣ шуда ва  ду мисол аз Носири Хусрав ва Лоиқ оварда шуда, ки ҳеч як бо ин маъноҳо мутобиқат надоранд:

Чашмат аз хоби беҳушӣ бикшо,
Хештанро биҷӯю андарёб.
Оламеро баҳри андарёби худ,
Аз замин то осмон пай мезанам.

Яъне "андарёб" болотар ва андар фавқи эҳсос кардан аст,  ҳайвонот низ ҳиc доранд, андарёфт ва андарёб дарк аст, махсуси одамист ва дар ду байти боло низ ба маънии  худро шинохтан омадааст.
Зайли  воҳиди луғавии арабӣ байте аз Лоиқ омада, ки ду бор калимаи "араб" дорад, вале "арабӣ" не.
"Арбадаҷӯй он ки бар асари мастӣ бо доду фарёд аз худ рафтори ношоиста нишон медиҳад

Наргисаш арбадаҷӯю лабаш афсӯскунон,
Нимашаб дӯш ба болини ман омад, биншаст".

Ва аммо дар куҷои ин байт гуфта шуда, ки маъшуқа бо доду фарёди мастона омадааст?  Байтҳои пеш ва баъд аз ин байтро  гӯш кунед, ки Ҳофиз чӣ мефармояд:

Зулф ошуфтаву хай кардаву хандонлабу маст,
Пираҳанчоку ғазалхону суроҳӣ дар даст.
Сар фарогӯши ман оварду ба овози ҳазин,
Гуфт: эй ошиқи деринаи ман хобат ҳаст?

Касе, ки бо доду фарёд рафтори ношоиста аз худ нишон медиҳад, "хандонлаб" меояд ва "ба овози ҳазин" бо лутфу меҳрубонӣ ошиқашро ҳолпурсӣ мекунад?
"Аташ 2. Шӯру завқу иштиёқи бисёр доштан барои ба даст овардани чизе:
Ҳорис моҳии шӯр хӯрда, аташ бар вай ғолиб гашт (Ҳабибуссияр). "Аташ" дар ин шоҳид ба маънии "ташна" аст ва бояд зайли маънои аввали калима оварда мешуд.
Таркиби "або надоштан хӯрданӣ надоштан" шарҳ шудааст ва ба таъйид байти зайлро овардаанд:

Бикаш Анварӣ даст аз хонаи гетӣ,
Ки бас чарбу ширин абое надорад.

Дар ин байт ҳарфе аз "хӯрданӣ надоштан" нест, балки сухан аз камтар будани "ғизои ширину равғанӣ дар хони ҷаҳон" аст. Мазмун ин ки дар ин ҷаҳон шодию сурур камтар аст. Ва ба ҷойи "хони гетӣ" овардани "хонаи гетӣ" худ ғалати дигар аст, ки боиси харобии вазн ва таносуби калом шудааст.
Ва аммо сабти ғалати шоҳидҳои луғавӣ чи дар назм ва чи наср дар "Фарҳанги мукаммал…" фаровон аст, ки фақат бархе аз онҳоро меоварем.

ЗАНБӮР ҶАҲОН НАТВОНАД ШУД
Андар ғалатҳои шоҳидҳои луғавӣ

Аммо дар оғоз бигӯем, ки ғалат хондану ғалат навиштан анвоъ ва ақсоми зиёд дорад. Ва "Фарҳанги мукаммал…" муштамил бар намунаҳои фаровон аз ҳар қисму ҳар навъ аст. Ва аммо аз сода шуруъ мекунем ва меравем ба мураккаб.
1.Иваз шудани ҳарфе ба ҳарфи дигар. Чунонки дар мисраи Ҳофиз "гулу боди сабо" ба "гули боди сабо" бадал шуда, мисли сангчае дар оши палав, ки ба дандон бархӯрад, лаззатро бурдааст: Шодӣ овард гули боди сабо шод омад.
Ва ё дар байти зери Мунҷик дар  мисраи охир  вожаи "гир" ғалат аст, зеро ба ҷойи "коф" "гоф" ва ба ҷойи "ё"-и маҷҳул (е) "ё"- маъруф (и) навиштаанд, ки боиси бемаъно шудани байт гардидааст.

Ба лифи хурмо печида хоҳамат ҳама тан,
Фишурда хоя ба анбур, бурида гир ба гоз.

Дар байти Фирдавсӣ ҳам маълум нест, ба иллати нафаҳмидани мазмун ва ё саҳван "ҳисн" (қалъа)-ро "ҳусн" хондаанду навиштаанд:

Яке қалъа болои он кӯҳ буд,
Ки он ҳусн аз мардум анбӯҳ буд.

Дар байти дигари "Шоҳнома" "к-озаш" ба ғалат "к-азаш" шуда:

Тавонгар бувад ҳар киро оз нест,
Хунук он касе,  к-азаш анбоз нест.

2. Уфтодани ҳарф. Чунончи дар байти Мавлоно ҳарфе аз вожаи "дегаст" ҳазф шуда, дарёфти маъниро душвор кардааст:

Ё забон ҳамчун сари дегат рост,
Чун биҷунбад, ту бидонӣ, чӣ абост.

Дар байти Ҳотифӣ низ уфтодани ҳарфе аз исми "Хизир" боиси вайронии  вазн шуда:

Авроди малоик аст номаш,
Оби Хизр аст рашҳи ҷомаш.

Ва аммо дар байте аз Носири Хусрав на фақат ҳарфе аз вожаи "барафрошт" уфтода, ки дар ин маврид гумон мекунам, хатои чоп аст (агарчи барои Фарҳанг кӯчактарин хатои чоп низ ҷоиз нест), балки исми хоси  Халаф бо ҳарфи хурд омада, боиси бемаъно шудани мисраи аввал гардидааст:

Чу Систон зи халаф Рай зи розиён бистад,
В-аз авҷи кайвон сар барфрошт айвонро.

"Халаф" бо ҳарфи хурд "фарзанд, писар" аст ва агар шеърфаҳми аз таърих бехабаре талош ба харҷ диҳад, ки маънои шеърро дарёбад, шояд ба натиҷа бирасад, ки шоҳе Систонро аз чанги писари худ берун овардааст. Вале медонем, ки Халаф амири  Систон аст, ки бар асари ҳамлаи Маҳмуди Ғазнавӣ ба Систон дар соли 393 ҳиҷрӣ гирифтор шуд ва пас аз он Маҳмуд бо баҳонаи ҷанг бо рофизиён ба Рай ҳамла бурда, ин шаҳрро низ ишғол кард. Дар байти боло барои равшантар шудани маъно ҳамчунин бояд пас аз Халаф вергул гузошта, вергули охири мисраъи аввал бардошта шавад.
Ва низ дар байти Ҳофиз "зара" "зар" пиндошта шуда ва "зарра-ст"-ро "зар аст" сабт кардаанд, ки дар натиҷа маънӣ ва таносуби калом хароб шудааст:

Дар маҳфиле, ки хуршед андар шумори зар аст,
Худро бузург дидан шарти адаб набошад.

3. Иваз шудани ҷойи ҳарфҳо. Масалан дар байте аз Фирдавсӣ "оварад" "оварда" шуда:

Ту айби касон ҳеч гуна маҷӯй,
Ки айб оварда бар ту дар айбҷӯй.

4. Пайваст ва якҷо навиштани ду вожаи ҷудогона
, чунонки "масал гӯию" дар мисраъе аз  Фаррухӣ:
Вомиқ аст ӯ ба масалгӯию зоир Азрост.
Дар байти Сӯзанӣ низ "ҳам фом" барғалат пайваст навишта шуда ва низ исми хоси Айёр дар мисраъи аввал бо ҳарфи хурд омадааст, яъне муаллифони фарҳанги тафсирӣ маънои байтро нафаҳмидаанд:

Қимати айёрро ҳамфом кард аз дигаре,
Балъами айёрвор аз Рӯдакӣ бифканд фом.

5. Афзудани ҳарф
, чунонки  дар мисраъи Фирдавсӣ "мушкӯй" (кох, айвон) "мушкбӯй" шудааст:
Биёмад ба мушкбӯйи заррини хеш
6. Тасҳифи калимаҳо бар асари нафаҳмидани маънои шеър. Чунончи, дар чанд байт "ганҷ"-и шоирон ба "кунҷ"-и бемаънии муаллифони фарҳанг табдил шудааст:
Султони азал кунҷи ғами ишқ ба мо дод,
То рӯй дар ин манзили вайрона ниҳодем.

(Ҳофиз)

Дар иморатҳо сагонанду ақур,
Дар харобиҳост кунҷи иззу нур.
(Мавлоно)

Дар байти зер аз устод Рӯдакӣ, "гусе", ки мухаффафи "гусел" аст, "касе" хонда ва навишта шуда, байтро бемаънӣ кардааст:

Чун касе  кардамат ба дастаки хеш,
Гунаҳи хеш бар ту афкандам.

Ин байт ҳам аз Рӯдакист:
Дод пайғом басар андар айёр маро,
Ки макун ёд ба шеър андар бисёр маро.

"Басар", яъне  чист? Биноӣ? Ё  "ба сар" аст, яъне  калла, ки ба хато якҷо навиштаанд? Вале чӣ гуна метавон ба биноӣ ва сар, яъне "калла"  пайғом дод. Гунаи дурусти мисраи аввал дар ин вариант чунин аст: "Дод пайғом ба сир андар айёр маро" ва варианти дигараш: "Кас фиристод ба сир андар айёр маро"
Аз ҳамин чанд намунаи боло ҳам метавон дид, ки муаллифони фарҳанг боғи адаби  бузургтарин шоирони моро харобу хазон кардаанд. Вале аз ин миён бештар аз ҳама Рӯдакӣ ҷабр дидааст. Аз ин шоир, ки ба фаровонии ашъор масал ва машҳур будааст, мутаассифона, ҳамагӣ каме бештар аз ҳазор байт монда. Вале муаллифони "Фарҳанги мукаммал…", ки дониши андак дар шеър доштаанд, бештари ин абётро бо таҳрифу тасҳиф овардаанд. Ба байти зайл таваҷҷӯҳ кунед, чи гуна "кабте" (занбури асал)-ро ба "гетӣ" (ҷаҳон) табдил додаанд ва мижаашон хам нахӯрдааст:

Ҳамчунон гетӣ, ки дорад ангабин,
Чун бимонад достони ман бад-ин.

Мисраъи аввали  яке аз машҳуртарин шеърҳои Рӯдакӣ "Замоне барқ пурханда, замоне абр пурнола" дар хониши муаллифони Фарҳанг чунин ҷома бадал кардааст:

Замоне баҳри пурханда,
замоне абри пурнола.

Ин шеър ба сурати дуруст дар китобҳои адабиёти мактабҳои миёнаи тоҷикӣ сабт шудааст ва фаразан, хатмкардаи мактаби миёна барои вуруд ба донишгоҳ аз эҷодиёти Рӯдакӣ иншо бинависаду дар як мисраъ cе хато кунад, баҳояш чанд хоҳад буд?
Ба ашъори Рӯдакӣ баъдан боз бармегардем. Ҳоло бигузорем, ки каме ба худ ояд ва бибинем, ки бо шеъри ҳамасрони ӯ чӣ кардаанд? Инак байти Шаҳиди Балхӣ:

Мори яғтанҷ агар-т дай бигазид,
Навбати мори афъӣ аст имрӯз.

Мебинем, ки "дӣ"-ро "дай" хондаанд ва низ "афъияст"-ро ҷудо навиштаанд ва таносуби калом ва балоғати суханро аз байн бурдаанд.
Ва аммо дар байти Шокири Бухороӣ "дар" ба "дур" бадал шуда, таркиби "дури симин" ба вуҷуд омадааст, ки аслан бемаъно ва бемантиқ аст:

Дар ӯ афрошта дурҳои симин,
Ҷавоҳирҳо нишонда дар баландин.

"Дур" ("дурр") марворид аст ва марворид ё дур наметавонад симину зарин шавад, "баландин" чорчӯби дар ва остона маъно дорад.
Дар байти дигари Шокири Бухороӣ "бод ожада" ба "боз оздаҳ"-и бемаънӣ бадал шудааст:

Андоми душманони ту аз тири новаке,
Монанди сӯки хӯшаи ҷав боз оздаҳ!

Зайли моддаи луғавии "анвар шудан" (равшан шудан, мунаввар гардидан) байте аз Хусравӣ, дигар аз шоирони ҳамасри Рӯдакӣ   омадааст:

Зулфайни ту гӯӣ, ки шеъри нағзест,
Анвар шуда, маънияш  як ба дигар.

Ҳоло дар мавриди "зулфайн"-у "зулфин" чизе намегӯям, чун дар ин байт ҳар кадом аз ин ду вожа, ки бошанд, маъно тағйир намеёбад. Ҳоло муҳимтар аз он ҳарфҳое ҳаст, ки бояд гуфт. Дар шеъри классикии мо ҳар ҷо, ки аз зулф сухан гуфтаанд, сифати сиёҳӣ ва торикӣ бад-он додаанд, вале чӣ тавр маъноҳои шеъри нағзе, ки ба зулфи дилбар ташбеҳ шуда, аз якдигар мунаввар мешудаанд, бояд аз мураттибони луғат пурсид. Вале ҷавобе гуфта наметавонанд, албатта. Аммо ҷавоб сода аст ва ин аст, ки дар асл он чи онҳо "анвар" хондаанд ва бад-ин восита шеъри воқеан нағзро ошуфтаву бемаънӣ кардаанд, "андар" аст ва дар маҷмуаҳои чопи Тоҷикистон низ ба ҳамин сурати дуруст омада.
Муаллифон мисраи Абузироа "Он ҷо ки дирам бояд, динор барандозам"-ро   шояд ба хотири  он ки барои таркиби сохтаи "анбор барандохтан"-ашон, ки шарҳашро "киноя аз ба ҳама кор қодир будан" овардаанд, шоҳид дошта бошанд, бо  "қалами сеҳрангезашон" ба гунаи  "Он ҷо ки дирам бояд, анбор барандозам" табдил додаанд.
Байте аз шоир Хусравонӣ дар ду  маврид ба гунаи зайл омада, ки маъние аз он берун  овардан бас мушкил аст:

Чу гулбун аз бари оташ ниҳода акс афканд,
Ба шохи ӯ бари дурроҷ шуд, Абасто хонд.

Ривояти дурусти ин байт, ки дар китобҳои чопи Душанбе омадааст, ин аст:

Чу гулбун аз гул оташ ниҳоду акс афканд,
Ба шохи ӯ бар дурроҷ гашт Вастохон.

Бармегардем ба Рӯдакӣ. Зайли "агар" байтеро аз устод шоҳид овардаанд, ки дар мисраи аввалаш  вожаи арабии " талл" хатост:
Оҳу зи таллу кӯҳ биёмад ба дашту роғ.
Ин мисраъ ба гунаи нисбатан саҳеҳ дар зайли "акнун" мисраи дувуми байте қарор гирифтааст, ки мисраъи аввалаш аз шеъри комилан дигари мансуб ба Рӯдакӣ (дар асл мутааллиқ ба Қатрон) аст ва ҳеч рабте бо ҳам надоранд ва он ҳам ба шакли хато омада:

Ҳазор ово ба бӯстон дарканд акнун ҳазорово,
Оҳу зи тангкӯҳ биёмад ба дашту ба  роғ.

Ба ҷойи "дарканд" "даркашад" ва бадали "тангкӯҳ" "танги кӯҳ" бояд гузошт "ба"-ро қабл аз "роғ" ҳазф бояд кард ва баъдан ҳар ду мисраъро ба ҷойи асли худашон боз бояд гардонд.
Мисрае аз қасидаи машҳури "Модари май"-и Рӯдакӣ чунин омадааст:
Тарсӣ бибӯӣ, гумон барӣ, ки гули сурх
ки хатост ва "тарсӣ"-и бемаъниро ба ҷойи "гар-ш" гузоштаанд.
Байти дигареро аз Одамушшуаро ба чунин сурати ошуфта ва бе маънӣ нақл кардаанд:

Кайҳони мо ба ҳоҷати аднонӣ
Адн асту кори мо ҳама андомҳо.

Гунаи дурусти байт:

Кайҳон ба адли хоҷаи аднонӣ,
Адн асту корҳо ҳама б- андомо.

Ривояти  дигари мисраи аввал:
Кайҳони мо ба хоҷаи аднонӣ.
Ва боз аз Рӯдакӣ, ки ба ҷойи "монид" вожаи охирро "монд" хондаанд:

Асоси табъ санояст, бал қавитар аз он,
Зи олати сухан омад ҳаме ҳама монд.

Ва боз байтеро аз Рӯдакии сарсахт зайли "анҷух" чунин сабт кардаанд:

Шудам пир бад-ин сону ту ҳам  худ на ҷавонӣ
Туро  сина пури анҷуху ту чун чафта камонӣ.

Хеле ҳиммату кӯшиш ба харҷ дода мисраъи аввалро бе хато нақл кардаанд, вале зоҳиран хеле хаста шудаанд, ки дар мисраи дуввум ба ду  хатои сахт бемаънӣ роҳ додаанд. Гунаи дурусти мисраи дувум ин аст:
Маро сина пуранҷуху ту чун чафта камонӣ.
Байти  зайли Низомӣ дар як сафҳаи  412 ду бор омада ва ҳар ду  бор ҳам  хато:

Яке аз он магас ангубингар буд,
Беҳ аз сад магас к-ангубинхӯр буд.

Байтро  ин тавр бояд хонд, то маънӣ ва вазн саҳеҳ шавад:

Яке з-он магас ангубингар бувад,
Беҳ аз сад магас, к-ангубинх(в)ар бувад.

Фарҳанг боз абёти ғалат аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Унсурӣ, Манучеҳрӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ибни Ямин, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ, Урфӣ, Шоҳин, Асирӣ, Хоҷӣ Ҳусайн ва ғайра ва ҳоказо фаровон дорад, вале чун ман аз навиштан хаста шудаму хонандагон аз хонданаш малул мешаванд, ин бобро дар ҳамин ҷо ба поён мерасонем.

(Давом дорад)

Қодири Рустам
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)