Дар мавридҳои зиёд шоҳиде, ки барои таъйиди маънои калима ва ибораҳо овардаанд, ҳеч мутобиқате бо ин маъно ва тафсир надорад.
Мутобиқ бо масали мушт намунаи хирвор чанд мисол меоварам, чи агар хоҳем ҳамаро баршуморем, дафтарҳо мебояд.
"Аквон номи деве дар "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ". Барои шоҳид пас аз байте аз Фирдавсӣ байти дигар аз Қозӣ Эрназар номе омада, ки ҳеч иртиботе бо Аквондев надорад:
Муҳит омад ба илми сармадӣ зарроти Аквонро,
Мисоли ҷаҳр донад сирри ихфоро ба ҳар мазмун.
Ин шоҳид мувофиқ ба "аквон"-и дигар аст, ки ҳастиҳо, мавҷудот шарҳ шудааст.
Маънии чаҳоруми алаф хӯрок, озуқа дода шуда ва барои ин маъно 5 шоҳид оварда шудааст, вале ду шоҳид аз Икромӣ ва Улуғзода возеҳан ба маънои аввали ин калима, яъне гиёҳ далолат мекунад. Чунончи: "Маҳмуд баногоҳ аз байни алафҳо якто патрони тирнок ёфт".
Ба шаҳодати маънои аслии "алмос", яъне "санги қиматбаҳо" ҷумлае аз нависанда Сорбон омадааст, ки ба ин маъно мувофиқ нест ва бояд ба шаҳодати маънои маҷозии он "шамшер, теғ ва ҳар чизи тезу буранда" оварда мешуд: "Мир аз зарбаи тозиёнаи ӯ биме надошт, хафа ҳам нашуд, вале "безорӣ" гуфтанаш мисли алмос дили ӯро чок карда гузашт".
Зимнан, дар ҳамин маънои маҷозии "алмос" дар қатори "шамшер, теғ ва ҳар чизи буранда", "обгина" ҳам оварда шуда, ки рабте бо шамшеру теғ надорад ва маънояш ҷуз инҳост ва бояд ҷудогона оварда мешуд.
Ба таъйиди маънои аввали вожаи "алоқа", яъне "муносибат, иртибот, рабт; вобастагӣ, пайвастагӣ" байти зайли Ҷомӣ омадааст:
Гавҳаркаши ин алоқаи дур,
З-он дур кунад ин алоқаро пур.
Идомаи навиштаҳои нависанда Қодири Рустамро перомуни китоби «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» бо нохун задан рӯи ин нишонӣ мутолиа намоед:
https://www.ozodagon.com/ad/4696
Мӯҳр