Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 30 март 2017, 06:53

Тоҷикистон дар рейтинги «Форбс» 120-ум шуд

23 апрел 2012, 03:22

Тоҷикистон дар гузориши нави маҷаллаи бонуфузи амрикоии «Форбс», ки «Беҳтарин кишвар барои тиҷорат»-ро муайян кардааст, дар зинаи 120-ум қарор дорад.

Гузоришгарони «Форбс» дар маҷмӯъ вазъи 134 кишвари ҷаҳонро таҳлил кардаанд. Зимни таҳияи гузориш сатҳи фасод, қоғазбозӣ, андозбандӣ, озодии тиҷорат ва дигар омилҳои рушди соҳибкорӣ таҳлил шудааст. Рейтинги кишварҳои беҳтарин барои тиҷоратро  пешниҳоди сармоягузорон кардаанд.

Тоҷикистонро пажӯҳишгарон аз нигоҳи вазнинии андозҳо дар ҷои 121-ум, озодии асъор 122-юм, қоғазбозӣ 106-ум, технология 110-ум ва воридоти навоварӣ дар ҷои 96-ум ҷой додаанд. Аз нигоҳи фасод бошад, кишвари мо зинаи 126-умро муаррифӣ мекунад.
Тибқи рейтинги «Форбс» Тоҷикистон аз ҳамаи дигар кишварҳои пасошӯравӣ қафо аст. Масалан, Қирғизистон дар ҷои 115-ум, Украина 105-ум, Русия-102, Молдова-90, Арманистон-89, Қазоқистон-80, Озарбойҷон-78, Гурҷистон-50, Латвия-37 ва Эстония дар зинаи 16-ум қарор доранд.

Сегонаи «Беҳтарин кишвар барои тиҷорат»-ро Канада, Зеландияи нав ва Ҳонгконг ишғол кардаанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!