Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:38

Як рӯзи кӯдакон дар қароргоҳи ҳизби сиёсӣ

1 июн 2011, 07:29

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар баргузории  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон саҳм мегирад.

Тавре ба мо аз қароргоҳи марказии ин ташкилоти сиёсӣ иттилоъ доданд, шӯъбаи фарҳанг ва иршоди ҲНИТ дар якҷоягӣ бо шӯъбаи ҷавонон ва варзиш барномаи фароғатиеро барои кӯдакон омода  ва пешкаши наврасон намуданд. Толори ҳизб бо пуфакҳои рангоранг ва дигар овезаҳо оро дода шуда, тифлакон бо лаҳни ширин дар васфи Ватан, дину паёмбар, модар ва муаллим шеърҳо қироат намуда аз ҷониби комиссияи тадорукот қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин, бозиҳои гуногуни шавқовар миёни кӯдакон гузаронида шуда, ғолибон соҳиби ифтихорнома гардиданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!