Бахшҳо
23 апр 2012 12:10Рӯ ба рӯ

Алексей Семёнов: Такмил додани Кодекси андози Тоҷикистон вазифаи ман нест

Аз «Озодагон»: Хонандаҳои арҷманди «Озодагон»! Барои ширкат дар ин бахши хабаргузорӣ аз Шумо самимона ташаккур мекунем. Бо умеди сарбаландиву саодатмандии Шумо, «Рӯ ба рӯ»-и навбатӣ пешниҳод мешавад. Ба суолҳои Шумо Алексей Семёнов, сарвари иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» посух мегӯяд.   Имло ва тарзи пешниҳоди суолу ҷавобҳо бетағир гузошта шудаанд. Суолдиҳанда: # Khikmatulloh Saidiyon Quvvatzoda-Чаро дар "МЕГАФОН" назар ба дигар ширкатҳо нарх барои "ИНТЕРНЕТ" гарон аст. Имкони арзоншавӣ дорад ё не? -МегаФон барои муштариёнаш тарофаҳои зиёдеро барои истифодабарандагони интернет пешниҳод мекунад, бино бар ин ҳар муштарӣ метавонад аз тарофаи мутобиқи талаботаш истифода барад. Гузашта аз ин Шумо имкон доред, арзиши аслии тарофаҳои худро бо пайваст шудан ба опсияҳои тарофавӣ ба маротиб кам кунед. Масалан, ба наздики МегаФон барои истифодабарандагони интернет аз телефон ва смартфон – опсияи «Всё по 2» (Ҳама бо 2)-ро роҳандозӣ кард. Мутобиқи шартҳои ин опсия бо пардохти  2$ дар моҳ, Шумо имкон пайдо мекунед, ки шабу рӯз бо арзиши ҳамаги 2 сент барои 1Мб аз интернет истифода баред. Ин  арзиш тақрибан 14 баробар аз нархҳои тарофаҳои базавии МегаФон арзонтар аст. Суолдиҳанда: # Куруди-Мухтарам А. Семёнович, кай модемхои МЕГАФОН арзон мешавад? - Имрӯз дар марказҳои фурӯш  ва хизматрасонии «МегаФон Тоҷикистон» иқдоми махсус амалӣ мешавад, ки мутобиқи он Шумо метавонед бо арзиши 1 сомонӣ  соҳиби модем шавед. Барои ин бояд  танҳо ба интернети мобилии «МегаФон Тоҷикистон», бо пешпардохти 99 сомонӣ пайваст шавед. Суолдиҳанда: # Мавзуна-Салом!1).Дигар ширкато барои муштариёнаш нархи дакикахоро арзон мекунанд. Шумо аз мохи январ ба Руссия занг заданро гарон кардед. Пештар 6 сент буд Русия занг задан айни хол 8 сент шудааст. Сабаби ин гарон шудан дар чист? Дар соли 2012 барои муштариёнатон ягон тарифи арзонтар пешниход мешавад?2). Ман аз мадеми ширкати Шумо истифода мекунам дар мохи аввал суръаташ хуб аст, пас аз маблагузарони барои истифодаи мохи 2 суръаташ суст мешавад, сабаб дар чист? - Дар иртибот ба суоли аввалӣ мехоҳам бигӯям, ки дар ҳоли ҳозир  дар ҳама тарофаҳои ширкат зангҳо ба Русия на бештар аз 8 сент муйаян шудаанд ва ҳеҷ гуна тағироте ба вуҷуд наомадааст. Ин нарх – яке аз нархҳои поинтарин дар Тоҷикистон мебошад. Дар посух ба суоли дуввум мехостам диқататонро ба як қатор шароити нақшаҳои тарофавӣ мутамарказ бикунам, ки мутобиқи он пас аз боргирии (скачивании) як миқдори муаяни иттилоот, суръати Интернет воқеан ҳам поин мешавад. Аммо ин суръат барои муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ, кор бо почтаи электронӣ, боздид аз сомонаҳои иттилоотӣ, ки бештарини истифодабарандагони интернет ба ҳамин хотир ба интернет пайваст мешаванд, кифоят мекунад. Масалан, мутобиқи шартҳои тарофаи «Паутина» пас аз боргирии 3 Гб трафик, суръати интернет ба 128 Кб/с мерасад. Ин маҳдудиятҳо махсусан ворид шудаанд, то ки дигар муштариён низ битавонанд озодона аз интернети мобилӣ истифода баранд, Интернети мобилӣ ин интиқолӣ додаҳои бастаӣ мебошад, ки агар касе маҷмӯи аз ҳад зиёди додаҳоро боргирӣ (скачать) кунад, имконоти дигар муштариён маҳдуд мешавад.-Суолдиҳанда: # Юсуф Юсуфов -Здравствуйте. Как известно последние годы Мегафон расширяет клиентскую базу в Согдийской области. Благодаря выгодным тарифам и качественной связи многие мои знакомые выбрали Мегафон. Особенно привлекает тарифы на общение с родственниками в России. Но многих не устраивает скорость передачи данных мобильного интернета. У нас в Пенджикенте можно плов сварить пока скачивается трек в 5 Мб. Скажите пожалуйста ест у вас в планах исправлять эту ситуацию? Вроде где -то есть даже 3G но интернет хромает на обе ноги. Удачи! -Вопрос по качеству сети, острый и справедливый. Мы активно работаем над тем, чтобы обеспечить абонентам хорошую связь на территории страны. Для решения этой задачи только за последние пару лет МегаФон построил  в 2 раза больше базовых станций, чем за прошедшие 8 лет работы, причем большинство из них – базовые станции третьего поколения. Средняя скорость мобильного интернета в РТ составляет 1 Мб/сек. Нужно понимать, что скорость зависит от многих факторов – время выхода в интернет, количества пользователей, скачиваемого контента и многого другого. Для того чтобы выяснить причину невысокой скорости Интернета именно у вас, необходимо знать Ваш номер, время и место выхода в Сеть.Суолдиҳанда: # Азиза-Салом! Хангоми симкорти ширкати Шуморо суратхисобашро дидан дар ончо нишон дода мешавад, ки бали Шумо ба таври мисол 52,2 нишон аст. Агар муштариёни Шумо дар як мох 1000 бал кунад ба он аз тарафи ширкати шумо чи гуна имтиёзхо дода мешавад? Ман мехохам ки шумо оиди бале ки ширкати Шумо барои муштариёнаш дода мешавад пуратар шарх дихед.- Имрӯз дар ширкати «МегаФон» мутобиқи шароити бозоргонии Тоҷикистон барномаи ҷолиби сарфаҷӯӣ аз хароҷот – «МегаФон-Бонус» амал мекунад, ки имкон медиҳад, то ҳангоми муошират бо телефон хол ба даст оред ва сипас онро ба тӯҳфаҳои моркдор ва абзоракҳои телефони мобилӣ (мобильные гаджеты) ва ё бастаи хизматрасониҳо (дақиқа, СМС, ММС ва интернет-трафик) иваз кунед. Ҳамчунин холҳои ҷамовардаатонро метавонед бар 15% тахфиф барои таълим ва ё 30% тахфиф барои чиптаи 5D синамо иваз кунед. Барои пайваст шудан ба ин барнома супоридани маблағи иловагӣ лозим нест, ҳамин кофист, ки аз хизматрасониҳои гуногуни ширакат истифода баред. Барои ҳар доллари барои гуфтугӯ сарф кардаатон дар моҳи гузашта, дар моҳи нав 1 хол мегиред. Бад-ин тартиб ҳар қадаре, ки шумо зиёд сӯҳбат мекунед ҳамон қадар холҳоятон, яъне тӯҳфаҳоятон зиёд мешаванд. Мӯҳлати  истифодаи ин бонусҳо як сол аст. Масалан, агар холҳоятонро дар моҳи марти соли 2012 ба суратҳисоби телефонатон рехтаанд, пас он то феврали соли 2013 аҳамият дорад. Агар шумо 1000 хол ҷамъоварӣ кардаед, пас онро метавонед ба бастаи хидматрасониҳо ва ё 3G-модем иваз кунед. Умуман барномаи мазкур имкониятҳои зиёдеро барои муштариён пешниҳод кардааст. Иттиллооти бештарро метавонед дар сомонаи мо- www.megafon.tj дарёфт кунед. Суолдиҳанда: # спортсмен-Господин Алексей Семенов я услышал, о том вы будете спонсировать олимпийскую сборную Таджикистана в олимпиаде лондон-2012, хотел бы узнать конкретно о вашей поддержке наших олимпийцев-Спасибо, приятно, что Вы следите за социальными акциями МегаФона. Наша компания, действительно, активно участвует в спортивной жизни Таджикистана. Мы поддерживаем такие популярные в нашей стране виды спорта, как таэквон-до, борьба, большой теннис. Спонсировать участие сборной в Олимпиаде в Лондоне компания пока не планирует. В ближайшее время «МегаФон» проведет традиционный чемпионат по футболу среди воспитанников детских домов и школ-интернатов «Будущее зависит от тебя». В прошлом году наши ребята победили в финале, который прошел в Сочи, и получили путевку в Лондон. Надеюсь, и в этом году они покажут отличные результаты! В ближайшее время при поддержки компании «МегаФон» в Душанбе пройдет Чемпионат Азии по таэквон-до. Будем болеть за нашу сборную!Суолдиҳанда: # Бежан-Мехостам пурсам, ки доираи васеи ин ширкати мобилӣ дар тамоми шахрхои Русия чи гуна карор гирифтаст? Оё аз воситаи дигар ширкатхои мобили ин ширкат фаъолтар аст ё заифтар, чун бисере мухочирон истифодаи ширкати МТС-ро доранд, ё Beеlinе-ро, дар ин хусус чи гуфта метонед?-МегаФон – бузургтарин оператори мобилӣ мебошад, ки шабакаи хусусии худро дар тамоми минтақаҳои Русия, ҳамчунин дар ҷумҳуриҳои Абхазия, Остияи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон фароҳам кардааст. «МегаФон» нахустин ширкатест, ки дар Русия тиҷорати баҳрбардории шабакаи 3G-ро роҳандозӣ карда, дар фароҳамсозии Интернети мобилӣ пешсаф мебошад. Имрӯз «МегаФон» - оператори иртиботи ҳамагонии (универсальный) дастраскунандаи хизматрасониҳои алоқаи собит (фиксированный) мебошад.Дар ҳоли ҳозир дар ширкат беш аз 63 млн. муштарӣ хизматрасонӣ мешаванд. Барои муқоиса Билайн - 57, 22 млн. ва МТС – беш аз 110 млн. муштарӣ дорад. Аммо дар иртибот ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳеч омори расмӣ вуҷуд надорад. Ростӣ, дар аксар ҳолат аз минтақа низ вобаста аст. Шояд дар робита ба Маскав иттилоотатон дуруст бошад, аммо масалан дар Питербург, минтақаи Поволже, Кавказ ва ғайра «МегаФон» пешсаф мебошад. Бино бар ин ман боварӣ дорам, онҳое ки берун аз Маскав фаъолият доранд аз хизматрасонии «МегаФон» истифода мебаранд. Суолдиҳанда: # АЛИК-Чаноби Семёнов ба назари Шумо андозбандихое, ки дар Точикистон ба фаъолияти ширкатхои мобили аз чумла ба ширкати Мегафон равона шудааст, то кучо ба фаъолияти чунин ширкатхо таъсир мерасонад? Дар робита ба ин, ба кодекси андози Точикистон ягон пешниход доред? - Мо ҳамчун ширкат дар он шароите кор мекунем, ки бароямон давлат қонунҳоро муайян мекунад. Такмил додани Кодекси Андози ҶТ –вазифаи ман нест. Ин масъулияти мақомоти ҳокимият аст, ки бояд дар зиёд шудани корхонаҳо, аз ҷумла дар соҳаи алоқа, кӯшиш кунанд, то ки дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оянд. Суолдиҳанда: # Шамсиддин-Чаноби Семёнов, Шумо ба кадом ширкатхои мобили асосан канкурент-ракобат дорен? Оё дар Точикистон ракобати солим дар ин сохае ки Шумо фаъолият доред вучуд дорад? Накшахои минбаъдаи ширкати Шумо чист?- Имрӯз дар соҳаи алоқаи моблии Тоҷикистон, ҳамчунин дар тамоми ҷаҳон муносибати шадиди рақобат ба вуҷуд омадааст. Ин хеле хуб аст, чун операторонро водор мекунад, то ки онҳо мутобиқи хости муштариён кор кунанд: тарофаҳо ва опсияҳои муфид, хизматрасонии мусоид ва сервиси муносибро ташкил бидиҳанд. Аслан рақобат ин такондиҳандаи рушд аст. Аз он бояд натарсӣ. Мавзӯи дигар, рақобат бояд дуруст бошад, он бояд бар асоси  эҳтироми тарафайн ва касбияти операторҳои алоқаи мобилӣ бунёд шавад. Суолдиҳанда: # Эхсонхон-Алексей Семёнов, соли гузашта аз ширкати Шумо ба хонаи мо кормандонатон омада гуфт, ки ракаме, ки дар номи ман харида шудааст такрибан 84 сомони карздор шудааст, дар холе, ки ман дар ёд надорам, ки ширкати шумо карз дихад. Ин чи маъни дорад?-Нархномаҳои хизматрасониҳои мо дар реҷаи он-лайн мегузарад, аммо баъзе хизматрасониҳое ба монанди Роуминги Байналмиллалӣ ҳастанд, ки дар онҳо ҷорӣ кардани тарификатсия речаи онлайн имкон надорад. Ин бо хусусияти техникии онҳо вобаста аст. Шояд мушкили шумо аз ҳамн лиҳоз сар задаст. Аммо барои ҳалли мушкилотатон барои шумо зарур аст, то ба мутахассисони мо муроҷиат кунед. Ҳамаи иттилооти заруриро бо шумораи телефонатон ба почтаи электронии мо help@megafon.tj ирсол кунед.Суолдиҳанда: # Содик-Соли гузашта миёни ширкати Шумо ва Кумитаи андоз бахсхои суди вучуд доштанд ва Кумитаи андоз аз Шумо талаби андозеро дошт, ки мухолиф ба конунгузорихои кишвар буданд. Он гуна ки медонем новобаста ба асоси конуни доштани даъво судхои мо аслан макомоти давлатиро дастгири мекунанд ва дар кабули карор мустакил нестанд. Ба ин хотир мехохам бипурсам, ки бахсхои мазкур бо чи анчом ёфтанд? Оё Шумо адолати судиро баркарор карда тавонистед?Саволи дувум он аст, ки ширкати Шумо дар соли 2011 чи кадар андоз супорид?- Соли 2011 ширкати мо дар чаҳорчуби ваколатҳои судӣ баъзе қисматҳои Акти тафтиши Кумитаи Андози ҶТ-ро мавриди баҳс қарор дод. Аммо ҳамаи хулосаҳои додгоҳ на ба фоидаи мо анҷом шуданд. Хулосаҳои додгоҳ аз тарафи мо амалӣ шуданд.Соли 2011 МегаФон ба хазинаи давлат беш аз 71 млн. сомонӣ супорид. Суолдиҳанда: # АХМАД-Тарзи ба кор кабул кардан дар ширкати Шумо чи гуна аст? Яъне тарики конкурс ё бо дигар роххо низ имкони ба кор даромадан аст?-Вақте дар корхонаи мо ҷойҳои холии корӣ пайдо мешаванд, мо дар сомонаи худ www.megafon.tj ва дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорем. Ҳангоми қабули корманди нав барои мо на танҳо донишу малакаи касбии ӯ, балки вежагиҳои шахсиаш низ бисёр муҳим аст. Барои он, ки инсон дар фаъолияти кориаш ба натиҷаҳои чашмрас ноил шаваду аз кораш ҳаловат барад, бояд  мақсади шахсии худаш дар зиндагӣ бо низоми коргузории ширкат мутобиқат кунад. Ва ҳамин гуна одамҳоро мо ҷустуҷӯ мекунем. Ман ҳамчун роҳбари ширкат бо ҳар як номзад, на танҳо роҳбарони шӯъбаҳо балки кормандони оддӣ низ шахсан сӯҳбат мекунам. Дар ширкати мо як фарҳанги коргузорӣ ба низом даромадааст, ки бар асоси ҳамкорӣ, кӯмак ба якдигар, усули пешрафти кормандон ва маҳорати касбиву хусусӣ ба вуҷуд омадаанд.Суолдиҳанда: # Farkhunda-Салом, лутф намуда бигуед, ки барои чи вакти смс мефиристонем смс рафта нарасад маблаг гирифта мешавад, дар дигар ширкатхои мобили мавчудаи Точикистон инхел нест, агар смс "НЕ Доставлено" шавад маблаг гирифта намешавад.-Ин мушкил бо хусусияти танзими нархномаҳо вобаста аст.  Мо низ то чанд вақт пеш имкони пешниҳоди чунин хизматрасониро надоштем, аммо дар ҳоли ҳозир он муҳайё шудааст. Суолдиҳанда: # Рухшона-Ман ду суол дорам: Лутфан бигуед, ки кабл аз ба Точикистон омаданатон дар кучо ва кадом ширкати руси кор мекардед? Шумо хатмкардаи кадом донишгохи оли хастед?- Ман Донишгоҳи давлатии иқтисодии Самараро бо ихтисоси «Системаҳои информатсионӣ дар иқтисодиёт» хатм кардаам. Донишгоҳи мазкур яке аз муассисаҳои маъруфи таълимӣ мебошад, ки соли гузашта 60 сола шуд. Таҷрибаи касбиам ва маҳорати роҳбариам аз ширкати «МегаФон» оғоз шудааст, ки беш аз панҷ  сол аст дар он фаъолият дорам. Суолдиҳанда: # Заробиддини Аслон-Анатолий Семёнович! Таври маълум дар Точикистон забони давлати забони точики аст, аммо масъулини ширкати шумо бештар руи забони руси ва узбаки арч мегузоранд. Чаро? Дустони ман дар ин бора далел доранд. Масалан, рузи 24-уми март дар чамоати Уялии Гозималик намояндаи МЕГАФОН комилан бо узбаки ва гох-гох руси харф мезад, дар холе ки 95 фисади сокинони ин минтака точиконанд... - Тавре хабар доред МегаФон ширкати руси-точикӣ аст. Беш аз 80% кормандонаш шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Тамоми ҳуҷатнигорӣ, муошират миёни кормандон ва бо муштариён ба забони русӣ ва тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Хабарҳои матбуоти низ бо ду забон таҳия мешаванд. Дар ҳар сурат, Аслон аз суолатон сипосгузорам. Он ҳодисаро ҳатман мавриди барраси қарор медиҳам. Суолдиҳанда: # Шакармамад-Суоли ман чунин аст: МЕГАФОН-ТОЧИКИСТОН кай вориди БАДАХШОН мешавад? Ва агар ба ВМКБ ояд, оё бо ширкатхои дигар ракобат карда метавонад?-МегаФон дар Бадахшон аз соли 2005 фаъолият дорад. То соли 2010 МегаФон танҳо аҳолии шаҳри Хоруғ ва ҷамоати Поршеневро бо алоқа таъмин мекард. Баъдан, мо сохтмони шабакаҳои базавиро дар минтақаҳои Шуғнон, Ванҷ, Дарвоз ва Рушон оғоз кардем. Тибқи иттилооти охир дар ВМКБ беш аз 60 ШБ-ии «МегаФон» фаъолият дорад.Суолдиҳанда: # Шафкат-Саволи ман ба раиси мухтарами Мегафон ин аст: Агар махфи набошад бигуед, ки мохонаи миёнаи кормандони ширкати шумо дар Точикистон чи кадар аст? Дар Русия чи?-Дар маҷмӯъ сатҳи моҳонаи кормандони МегаФон 20% аз нишондоди миёнаи Тоҷикистон болотар аст. Суолдиҳанда: # Азиз-Барои ба кор кабул кардан дар ширкати МЕГАФОН кадом шартхо пешниход шудаанд? Оё ман, ки хатмкардаи Донишгохи техники ихтисоси телекоммуникатсия хастам метавонам бе пора ва ришва додан ба МЕГАФОН ба кор дароям? Каблан ташаккур -Ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон имрӯз дар дараҷаи рушди босуръат қарор дорад. Сохтмони шабака бо суръат идома доранд. Мо марказҳои хизматрасонӣ ва фурӯшро дар саро сари кишвар, ҳатто дар минтақаҳои дурдаст ба таври фаъол роҳандозӣ кардаем.  Барои ҳалли ин вазифаҳо мо ба мутахассисони кордону касбӣ ниёз дорем. Агар Шумо барои чунин кор омодаед ва дар ширкати мо эълон барои ҷои корро дидаед пас ҳатман муроҷиат кунед. Ман 100% кафолат медиҳам, ки дар ширкати мо ришва ва «ошнобозӣ» мавҷуд нест. Мо дар ҷустуҷӯи мутахассисони касбӣ ҳастем.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)