Бахшҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда то нимсолаи аввал мӯҳлат дод

Шоми дирӯз, 23-юми апрел дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили пешгирӣ аз оқибатҳои боришоти сели мавсимӣ дар минтақаҳои хавфноки аҳолинишини пойтахт ва беҳдошти ҳолати каналу селпартоҳои марзгузар таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор шуд, ки дар он раисони маҳаллаҳо ва сардорони оилаҳои манзили истикоматияшон осебпазир ширкат доштанд.

Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа ҳамзамон роҳбарони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, раисони комиссияҳои депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳузур доштанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз натиҷаи боздидҳои анҷомдодааш аз ҳудудҳои хавфнок ва осебпазири шаҳр, ба хусус маҳаллаи Лучоб фаъолияти анҷомдодаи сохторҳо ва соҳибмулконро ғариқаноатбахш шуморида, барои ислоҳи вазъ бо сафарбарсозии нерӯҳои иловагӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар робита ба ин фаъолияти анҷомдодаи сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гарждании шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Кенҷаевро нокифоя шуморида, барои тақвияти фаъолияташ то нимсолаи аввали соли 2012 мӯҳлат муқаррар намуд.

Ҳамзамон баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон, ки дар минтақаҳои хавфноки ба офатҳои селоӣ, обхезӣ, тарқиши замин ва фаромадани ярч гирифторшавияшон аз эҳтимол дур нест, сукунат доранд, зикр намуд, ки дар мӯҳлати ду соли пешоянд оилаҳои мутазаккира ба ҷойҳои барои зист бехатар кӯчонида мешаванд.

Инчунин зимни мулоқот бо сокинон баҳри баровардани эҳтиёҷоти онҳо оид ба баррасии муроҷиатҳояшон ба раисони ноҳияҳо дастур фармуд, ки қабули шаҳрвандонро таври доимӣ як ҳафта дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо ва ҳафтаи дигар маҳаллаҳо ташкил намоянд.

«Дар ҷаласа бо дахли масоили тақвияти корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида, аз фаъолияти пудратчиёни иҷрои корҳо интиқод намуда, ба мавсуф муқаррар намуд, ки бо зиёд намудани техникаву таҷҳизоти таъмирӣ ва кормандон то 6-уми майи соли 2012  нақшаҳои пешбинигардидаро комилан тадбиқ намоянд ва рӯзҳои 7-8-уми май комиссияи давлатии қабул бо ҷалби сохторҳои ҷамъиятии шаҳр фаъолияташро анҷом диҳад»,-афзуд манбаъ.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)