Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:53

Суғд ҳам аз Рӯзи Замин таҷлил кард

24 апрел 2012, 03:33

Дар маркази вилояти Суғд Рӯзи Заминро бо пайвастан ба ҳаракати умумиҷаҳонии боғҳо ҷашн гирифтанд.

Аз хадамоти матбуотии райиси вилоят ба Озодагон гуфтанд, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Раёсати ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ, аз ҷумла Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист, Шӯрои ҷанговарони байналмилал ва бо ҷалби ҳаракати «Патрули сабз»-у хонандаҳои мактабҳои миёнаи шаҳри Хуҷанд сурат пазируфт.

«Боғи Ғалабаи маркази вилоят аз партову алафҳои бегона тоза,  бехи дарахтон сафед карда шуда, ниҳолҳои ҳамешасабз шинонда шуд. Инчунин дар боғ қуттиҳои махсуси оҳанӣ  барои партовҳо насб гардид»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, нахусти маротиба чунин як иқдом бо ташаббуси сенатори амрикоӣ  Гейлорд Нелсон 42 сол қабл роҳандозӣ шуда буд. Ӯ ҳаракати донишҷӯёнро созмон дод. Баъдан, ин иқдом ҳаводорони зиёд пайдо кард ва ҳатто 20-солагии Рӯзи Заминро кӯҳнавардони шӯравӣ, амрикоӣ ва чинӣ бо фатҳи қуллаи Эверест таҷлил карда буданд.

Соли равон низ дар ҳамаи 5 қитъаи ҷаҳон дар беш аз 180 давлати дунё дӯстдорони табиат бо оростани маҳфилҳои мухталиф, озмуну фестивал, раҳпаймоиву гирдиҳамоиҳо Рӯзи Заминро таҷлил карданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!