Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:24

Президент овозаҳо дар мавриди ба ҳалокат расиданашро рад кард

24 апрел 2012, 04:20

Уго Чавес, райисҷумҳури Венесуэла дар шабакаи телевизиони миллии кишвараш баромад карда, ҳамаи овозаҳо дар мавриди маргашро рад кард.

Ба навиштаи хабаргузории «Рейтерс» Чавес дар ҳоли ҳозир дар Куба даври навбатии муолиҷа аз бемории саратонро мегирад. Президенти Венесуэла 14-уми апрел ба Гавана омада буд ва то ин муддат танҳо як маротиба аз тариқи шабакаи иҷтимоии Twitter ба ҳаводоронаш паём дод. Чанд муддати дар ВАО ҳузур пайдо накардани Чавес сару садоҳои зиёдро зоид. Овозаҳое буданд, ки гӯйё вазъи сиҳатии райисҷумҳур якбора бад шуда ва ҳатто гуфта мешуд, ки ҳангоми муолиҷа дар Куба вафот кардааст.

Уго Чавес дар сӯҳбати телефоние ба телевизиони давлатӣ сару садоҳои мазкурро «қисме аз ҷанги ифлос» номида, изҳор намудааст, ки «фурсате расида, то ба чунин овозаҳо одат бикунем». Президент гуфтааст, муолиҷаи вай аз рӯи нақша идома меёбад ва қасд дорад 26-уми апрел ба Каракас баргардад.

Уго Чавес тобистони соли 2011 низ барои чанд мӯҳлат дар Куба муолиҷа гирифта буд. Баъдан, райисҷумҳури Венесуэла боз чанд мавриди дигар ба Гаван барои табобат рафт. Мухолифин Чавесро барои фурсати зиёдро дар хориҷ аз кишвар гузарондан мавриди интиқод қарор медиҳанд. Ҳамчунин, онҳо мегӯянд, ки бо иллати бад шудани вазъи сиҳатияш президент бояд ба истеъфо биравад. Ин дар ҳолест, ки Уго Чавес эълом кардааст, ки дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурӣ низ ширкат хоҳад кард. Интихоботи президентӣ дар Венесуэла 7-уми октябри соли 2012 муқаррар шудааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!