Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:55

Душанбе интизори ҳайати Қатар аст

24 апрел 2012, 08:51

Як ҳайати баландпояи давлати Қатар бо сафари дурӯза вориди Душанбе мешавад.

Аз Хадамоти муҳоҷирати кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, ки қарор аст, ин боздид рӯзҳои 26-27-уми апрел анҷом шавад. Баррасии лоиҳаи «Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати давлати Қатар оид ба ҷалби муташакилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ» аз ҳадафҳои аслии сафари ҳайати мазкур унвон мешавад. «Лоиҳаи созишномаи мазкур, ки Хадамоти муҳоҷират онро таҳия намудааст, мавриди баррасӣ ва мувофиқаи ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт. Ҳамчунин дар ҷараёни сафар дар назар аст, ки ҷониби Қатар аз маконҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон дидан намояд»,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!