Аз дохили сабукрави «Опел-Караван» миқдори калони маблағро ба яғмо бурданд.
Ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, ки сокини Ҳисор Маъруф Холов дар аризаи шикоятӣ навишта, ки 9-уми апрел шахсони номаълум дар назди ошхонаи «Улҷабой» аз дохили автомашинаи шахсиаш 57 200 сомонӣ ва 16 400 долларро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
«Зимни гузаронидани амалиёт бо иттиҳоми дуздии маблағи мазкур ноболиғон Мансур Бобоеви 16 сола ва Раҳмиддин Бобоеви 13 сола, хонандагони мактаби миёнаи №21дастгир карда шуданд»,-афзуд манбаъ.
Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр