Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:39

Тухм дар Тоҷикистон 10% арзон шуд

24 апрел 2012, 09:08

Дар Тоҷикистон давоми як моҳи охир нархи тухм 10 фоиз арзон шуда, то ба 70 – 75 дирам барои як дона поён омадаст.

Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ бо вуҷуди арзонишавӣ дар муқоиса бо моҳи апрели соли 2011, он   12,5 фоиз қимматтар аст. Коршиносони тоҷик сабаби асосии арзоншавии тухмро ба фарорасии гармӣ, ки одатан истеъмоли тухм кам мешавад, рабт медиҳанд. Инчунин дар гармӣ мурғҳои хонагӣ тухми бештар мекунанд, ки дар натиҷа талабот ба тухм кам шуда, нархи он коҳиш ёфтаст.
Дар Тоҷикистон тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, таи моҳҳои январ - март 44 миллион дона тухм истеҳсол шудаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,5 миллион дона бештар аст.
Масъулини вазорати кишоварзӣ изҳор медоранд, ки истеҳсоли тухми ватанӣ, воридоти ин намуди маҳсулотро аз хориҷа ба маротиб кам кардаст. Қаблан, тухм ба Тоҷикистон асосан аз Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Чину Русия ворид мешуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!