Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:19

Кумитаи назорату интизоми ФФТ бозигарони тими «Равшан»-и Кӯлобро ҷарима кард

25 апрел 2012, 04:59

Тибқи иттилои ФФТ зимни баргузории ҷаласаи Кумитаи назорату интизоми ФФТ шикояти клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе аз болои тими «Равшан»-и Кӯлоб баррасӣ шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон бозигарони тими “Равшан”- ро барои рафтори ношоям нишон додан муқобили ҳарифонашон  дастаи «Истиқлол», рӯзи 19-уми апрел дар бозии даври сеюм (Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб), бо сабаби риоя накардани дастури мусобиқаи қаҳрамонии кишвар ва қоидаҳои бозии футбол ҷарима кард.

Сафаралӣ Каримов барои лат додани ҳарифаш аз 5 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуд. Бенҷамин Аманква барои ду корти зард гирифтанаш аз як бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов ва Маъруф Рустамов барои рафтори ғайриварзишӣ дар ҷараёни ин бозӣ ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима шуданд. Ба Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Эраҷ Холов ва Маъруф Рустамов ҳушдор додаанд, ки дар сурати такрор намудани чунин амал ба онҳо ҷазои сангин эълон карда мешавад.

Ғайр аз ин, Кумитаи назорату интизоми ФФТ роҳбари дастаи “Энергетик”-и Душанберо барои таъмин накардани шароит ҳангоми баргузории бозӣ бо “Истаравшан” рӯзи 21-уми апрел дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баст.

Ёдовар мешавем, ки тими «Равшан»-и Кӯлоб дастаи «Истиқлол»-и Душанберо дар бозии даври сеюми мусобиқаи Лигаи олии кишвар, ки рӯзи 19-уми апрели соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!