Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:38

Тоҷикстандарт рӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ меорад

25 апрел 2012, 06:17

Дар 3 моҳаи ахири соли равон дар Тоҷикистон 88 тонна маҳсулоти ғизоӣ, ки ба талаботи бозор ҷавобгӯ набуданд, ошокор гардида, аз муомилот бароварда шуд.

Тавре аз Агентии Тоҷикстандарт ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, маҳсулоти мӯҳлаташон гузашта, асосан аз гӯшту консерваҳо- 5000 киллограм, нӯшокиҳои ғайристандартӣ 3000 литр, картошкабирёни тамғаи СМАК 5400 дона ва ҳамчунин теъдоди зиёди маҳсулоти макаронӣ, қаннодӣ ва ғайра иборат мебошанд: “Дар ин давра, баҳри нигоҳдории бозори истеъмолӣ аз воридшавии маҳсулоти бесифати барои ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зараровар, ҷорӣ намудани қоидаҳои савдо дар 1524 корхонаву ташкилотҳои савдо ва бозорҳо санҷиш гузаронида шуда, дар 550 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо ва дар 251 ҳолат амрияи манъи фурӯш ба тасвиб расонида шуд”. Масъулини агентии Тоҷикстандарт мегӯянд, бо мақсади дастгирии рушди истеҳсолоти ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифат тасмим гирифтаанд, имсол   низоми  нави  назорати  сифати   маҳсулотро  дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ҷорӣ намоянд.

 

 

 

 

 

 

 

.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!