Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 23 май 2017, 15:36

25 гектар заминҳои кишти ноҳияи Ёвон зери обу лойқа монд.

25 апрел 2012, 06:39

Тавре  Ориф Нозимов, раҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар ба хабаргузории озодагон иттилоъ дод,  дар натиҷаи боридани борони пай дар пай ва жолаи пуршиддати рӯзи гузашта, тахминан соати 14:30 дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳраки Ҳаёти нав, ҷамоати деҳоти Норини ноҳияи Ёвон ҳангоми омадани сел, 25 гектар заминҳои кишти пахта зери обу лойқа мондааст.

Ҳамчунин 20 сар чорвои калон ва 25 сар моли майда талаф ёфтааст. Инчунин роҳи оҳани Ёвон-Қурғонтеппа қисман зарар дидааст.

Сарчашмаи хабар афзуд, ки феълан комиссияии ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ва хадамоти мудофиаи гражданиии ноҳия барои бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаи баамаломада даст ба коранд.

 

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!