Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:45

Ба бонкҳои Тоҷикистон эътимод пайдо шудааст

25 апрел 2012, 09:20

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ҷалби бештари пасандозҳоро ба бонкҳои кишвар зарур арзёбӣ карда, мегӯянд моҳҳои охир ҳаҷми пасандозҳо дар бонкҳои кишвар зиёд шуда истодаанд.

Тавре аз Бонки миллӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, моҳи марти соли равон бақияи пасандозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,9% афзоиш ёфтааст: «Дар таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо беш аз 44% ва ё 2019,9 миллион сомониро пасандозони шахсони ҳуқуқӣ ва зиёда аз 55% ё 2520,1 миллион сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳад».  Манбаъ мегӯяд, фоизи миёнавазни пасандозҳо бошад тайи 3 моҳи аввали ҳамин сол бо пули миллӣ 16,47% ва бо асъори хориҷӣ ба 13,66%-и солона баробар шудааст. Бино ба иттилои Бонки миллӣ, ҷалби бештари пасандозҳои аҳолӣ, айни замон тамоюли асосии рушди низоми бонкии кишварро инъикос менамояд ва самараи он тули бештар аз 4 соли охир мушоҳида мешвад.

 


.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!