Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:03

11 тонаву 286 кило натиҷаи кори 12-сола

1 июн 2011, 12:09

Баъд аз зӯҳри имрӯз дар агентии назорат аз болои маводи нашъадор ҷаласаи ҷашнии ин сохтор сурат гирифт.

Тавре ба “Озодагон” аз дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ доданд, нишасти мазкур ба 12-умин солгарди таъсиси АНМН иртибот дошт. Зимнан, Рустам Назаров сарвари агентӣ  ба ҳайати шахсӣ муроҷиат карда гуфт, кормандони агентӣ дар кори пешгирӣ аз роҳҳои вуруди маводи мухаддир аз Афғонистон корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд, нашъаҷаллобонро боздошт мекунанд, фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноиро фош месозанд, дар таблиғоти тарзи ҳаёти солим ва дар тафаккури шаҳрвандон шакл додани муносибати манфӣ ба маводи мухаддир, таҳкими саломатии ҷисмонӣ ва ахлоқӣ корҳои бузурги профилактикӣ мебаранд.

Генерал Назаров афзуд, тайи 12 соли фаъолияти худ агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11 тоннаву 186 кило маводи мухаддир мусодира намуд, ки 8 тоннаву 108 килои онро мухаддироти гурӯҳи афюн ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 4 тоннаву 398 кило героин мебошад. Маълум гардид, ки таъсиси идораи махсусгардонидашудаи ваколатдор, ки дар назди он вазифаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, муқобилият ба муомилоти ғайриқонунии онҳо ва пешгирии нашъамандӣ гузошта шудааст,  саривақтӣ ва бағоят муҳим буд.

Ёдрас менамоем, 27 апрели соли  1999 дар пойтахти Австрия шаҳри Вена миёни   Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ санади ташкилёбии агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ба имзо расид. 1 июни соли 1999 бо фармони президенти ҷумҳурии Тоҷикистон агентии назорати маводи нашъаовар таъсис гардид.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!