Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:17

Воридшавии маҳсулоти пастсифати туркиро манъ карданд

25 апрел 2012, 12:40

Зимни  як амалиёти вижаи  кормандони  раёсати минтақавии гумрук  дар вилояти Суғд, пеши роҳи воридоти  миқдори зиёди маҳсулоти пастсифати қаннодии истеҳсоли Туркия, ки ба қаламрави ҷумҳурӣ ворид гардидааст ошкор намуданд.

Тавре ба «Озодагон» сарнозири шӯъбаи иттилооти Хадамоти гумрук  Нурулло Шарипов иттилоъ дод, зимни амалиёт мақомоти гумрук дар якҷоягӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ   пеши роҳи воридоти маҳсулоти қаннодиро ба миқдори 16 430 килограмм  ва ба  маблағи 14 787 доллари ИМА  Раёсати минтақавии гумрук дар  вилояти Суғд  гирифтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, сабаби ба муомилот иҷозат надодани ин маҳсулоти қаннодӣ пастсифат будани он мебошад (ба стандарти давлатӣ мутобиқ набуданаш), ки ҳангоми ташхис муайян шудааст. Моли мазкур нобуд карда шудааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!